Санаи баргузории бозиҳои мавқуфгузоштаи чемпионати Тоҷикистон таъин шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Санаи баргузории бозиҳои мавқуфгузоштаи чемпионати Тоҷикистон таъин шуданд

Лигаи миллии футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои мавқуфгузоштаи чемпионати Тоҷикистонро таъин кард.

Ба ин тартиб, бозии мавқуфгузоштаи даври 15-ум миёни «Истиқлол» – КМВА «Помир» рӯзи чоршанбеи 21-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад.    Бозии даври 14-ум байни «Регар-ТадАз» – «Вахш» рӯзи 24 октябр дар варзишгоҳи «Металург»-и шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд. Бозии даври 16-ум байни «Истиқлол» – «Парвоз», ки бояд рӯзи 31-уми октябр доир мегардид, алоқамандона ба иштироки чемпиони феълии мамлакат дар бозии финалии Ҷоми КФО ба 26-уми октябр гузаронида шуд. Бозии даври 16-ум байни «Барқи тоҷик» – «Регар-ТадАз» аз 31 октябр ба 2 ноябр гузаронида шуд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои мавқуфгузошташуда

Бозии даври 15-ум

21 октябр (чоршанбе)

Оғоз соати 15:00

«Истиқлол» КМВА «Помир»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

Бозии даври 14-ум

24 октябр (шанбе)

Оғоз соати 15:00

«Регар-ТадАЗ» «Вахш»

Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»

 

Бозии даври 16-ум

26 октябр (душанбе)

Оғози бозӣ соати 15:00

«Истиқлол» «Парвоз»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

Бозии даври 16-ум

2 ноябр (душанбе)

Оғози бозӣ соати 15:00

«Барқи тоҷик» «Регар-ТадАЗ»

Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Добавить комментарий