Санҷиши охирини «Хуҷанд» пеш аз бозӣ бо «Аҳлӣ Ал-Халил» – Федерация Футбола Таджикистана

Санҷиши охирини «Хуҷанд» пеш аз бозӣ бо «Аҳлӣ Ал-Халил»

Дар доираи омодагӣ ба бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2016 муқобили «Аҳлӣ Ал Халил»-и Фаластин, витсе-чемпиони Тоҷикистон «Хуҷанд»-и Хуҷанд бозии охирини санҷишии худро бо КМВА «Помир»-и Душанбе гузаронд. Бозӣ рӯзи 2 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардида, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дружинаи Нумонҷон Ҳакимов анҷом ёфт.

Ҳисоби бозӣ ҳанӯз дар дақиқаҳои аввали бозӣ кушода шуд. Дар дақиқаи 3-юми вохӯрӣ муҳофизатгари мудофиачиён Фурӯғ Қодиров тӯбро вориди дастаи худашон сохт. Дар дақиқаи 36-ум барои таҳқири сардовар муҳофизатгари «Хуҷанд»  Далерҷон Тухтасунов аз бозӣ хориҷ шуд.  Сармураббии «Хуҷанд»  сабаби дараҷаи дӯстона доштани бозиро истифода карда, ба ҷои Далерҷон Тухтасунови аз бозӣ хориҷшуда, муҳофизатгар Саидҷон Шариповро ба майдон баровард.

Дар дақиқаи 75-уми бозӣ бозигари нави «Хуҷанд» Илҳом Баротов голи дуюми дастаашро ба самар расонд. Панҷ дақиқа пеш аз анҷоми бозӣ баъд аз партофи Давронҷон Тухтасунов, Фирӯз Раҳматов муваффақ шуд, ки як гол ба дарвозаи «Хуҷанд» занад. Вохӯрӣ бо ҳамин ҳисоб анҷом ёфт.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи шанбеи 6 феврал бошгоҳи футболи «Хуҷанд» бо хатсайри ҳавоии транзитӣ тавассути Дубай ба Фаластин парвоз мекунад. Бозӣ бо «Аҳлӣ Ал-Халил» рӯзи 9 феврал дар Хеврони Фаластин доир мешавад. Дар сурати муваффақ шудан дар ин бозӣ, «Хуҷанд» дар гурӯҳи «D»-и Ҷоми КФО-2016 бо «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Фанҷа»-и Умон ва «Ал-Ҷайш»-и Сурия роқобат мекунад.

 

Бозии санҷишӣ

«ХУҶАНД» – КМВА «ПОМИР» – 2:1

Голҳо: Фурӯғ Қодиров, 3 – ба дарвозаи датаи худ (1:0). Илҳом Баротов, 75 (2:0). Фирӯз Раҳматов, 85 (2:1).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Алишер Тӯйчиев, Далерҷон Тухтасунов (Саидҷон Шарипов, 38), Соҳибҷон Ҳакимов, Эраҷ Раҷабов, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Манучеҳр Ахмедов, Илҳом Баротов, Ҳоҷибой Зиёев, Дилшод Бозоров (Марифҷон Марифбоев, 73), Фарҳод Тоҳиров.

КМВА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Фирдавс Чақалов, Фурӯғ Қодиров (Сефах Жаке Нана, 61), Алишер Холмуродов (Ойбек Абдуғаффоров, 46), Павел Калугин, Комрони Мирзонаҷот, Рустам Толибов (Фирӯз Раҳматов, 46), Давронҷон Тухтасунов, Парвиз Кашкаров, Шамсиддин Қосимов, Сайёди Ковусшо (Андох Наполеон, 21).

Огоҳонида шуданд: Далерҷон  Тухтасунов, Илҳом Баротов («Хуҷанд»), Фирдавс Чақалов, Павел Калугин, Шамсиддин Қосимов (КМВА «Помир»).

Аз майдон хориҷ шуд (бо ҳуқуқи иваз шудан): Далерҷон Тухтасунов («Хуҷанд»), 36 – барои таҳқири сардовари бозӣ.

Сардовар: Акобир Файзуллозода (Душанбе).

2 феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобинон.

Добавить комментарий