Салоҳидин Ғафуров: «Ғалаба бар Баҳрайнро ба президенти кишвар мебахшем» – Федерация Футбола Таджикистана

Салоҳидин Ғафуров: «Ғалаба бар Баҳрайнро ба президенти кишвар мебахшем»

Сармураббии мунтахаби ҷавонони зери 19 солаи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров, пас аз ғалаба бар Баҳрайн (3:2) дар даври дуюми марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурўҳи «F», дар нишасти хабарӣ иброз намуд, ки даста ғалабаи худро ба муносибати ҷашни мавлудашон 5 октябр ба президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мебахшад.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон:

– Баъди бохт аз Ироқ дар бозии даври ифтитоҳӣ, мо хулосабардорӣ кардем. Барои омўхтани мунтахаби ҷавонони Баҳрайн бошад вақт доштем ва паҳлўҳои заифи дастаро омўхтем. Дар муқоиса ба вохўрии аввал, мо системаи бозии худро тағийр кардем. Имрўз, он гуна ки худатон дидед, дар ҳайати аввалӣ панҷ бозигари нав ба майдон баромаданд ва мунтахаби ҷавонони тоҷик бо ду ҳамлагар бозӣ кард. Баъди задани гол бошад бачаҳои мо як каме ба хурсандӣ дода шуда сусттар бозӣ карданд ва ин сустӣ сабаби ба дарвозаамон задани ду гол шуд. Дар танаффус бошад ман ба бачаҳо гуфтам, ки ин имконияти охирини мо ҳаст ва дар қисми дуюм ба майдон баромада, илоҷе карда ғолиб шуданамон лозим. Дар қисми дуюм бачаҳо бозии худро қавитар карда ба задани ду гол муваффақ шуданд ва боз ҳам имкони гол заданро доштанд. Хотимаи  бозӣ бисёр мушкил шуд.

Дастаи мо ғалабаи имрўзаи худро ба президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тақдим мекунад, ки рўзи 5 октябр ҷашни мавлуд доранд.

– Барои чӣ дар бозӣ бо Ироқ шумо он бозигаронеро, ки имрўз дар ҳайати аввалӣ бозӣ карданд, ба майдон набаровардед?

– Агар дар мо имконияти бори дигар бо Ироқ бозӣ кардан мебуд, боварӣ дорам, ки хеле беҳтар бозӣ мекардаем. Ман гуфтам, ки дар он бозӣ бозигарони мо андаке рўҳан монда шуданд. Ҳар хеле набошад, дар бозиҳои хонагӣ натиҷа муҳимтар аст.

– Баъд аз қисми аввали бозӣ дастаи мо бо ҳисоби 1бар 2 бозиро бохта истода буд. Шумо боварӣ доштед, ки дар қисми дуюм бачаҳо ба муваффақият ноил мешаванд?

– Ман ҳама вақт ба бозигарони худ боварӣ дорам!

– Шумо ба он розиед, ки дарвозабон Беҳрўз Хайриев беҳтарин бозигари вохўрии имрўза ҳаст?

– Бале, ў имрўз хеле хуб бозӣ кард. Дар қисми якум пеналтиро дошта гирифт ва боз дар чандин лаҳзаи душвор дарвозаро аз гол эмин нигоҳ дошт. Аммо, ман мехохам ба ҳамаи бозигарон барои ҷаҳду талош ва худфидоияшон сипосгузорӣ намоям.

Инчунин, бо истифода аз фурсати муносиб, ба мухлисон ҳам барои дастгирияшон тащаккур мекунам. Онҳо дар ин бозӣ ҳамаҷониба моро дастгирӣ намуданд.

Добавить комментарий