Салоҳиддин Ғафуров: “Мо барои баромадан аз гурӯҳ талош мекунем” – Федерация Футбола Таджикистана

Салоҳиддин Ғафуров: “Мо барои баромадан аз гурӯҳ талош мекунем”

Дар арафаи баргузории марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи “F”, ки аз 2 то 6 октябр дар Душанбе баргузор мегардад, дар меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси” нишасти хабарӣ доир шуд. Дар нишасти хабарӣ сармураббиёни мунтахабҳои ҷавонони зери 19 солаи Тоҷикистон, Ироқ, Баҳрайн ва Молдив ширкат намуда, ба суолҳои хабарнигорон посух гуфтанд.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии мунтахаби чавонони зери 19солаи Тоҷикистон:

– Нахуст, ташрифи мунтхабҳои ҷавонони Ироқ, Баҳрайн ва Молдивро ба сарзамини меҳмоннавози тоҷикон хайра мақдам мегӯям. Дар бастагӣ ба сабқати дар пеш истода бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки мо барои иштирок дар  он, ҳанӯз аз аввали сол омодагии ҷиддӣ гирифтем. Ҷамъомадҳои омӯзишиву тамринии худро дар Туркияву Эрон доир намуда, ҳамчунин бо бошгоҳҳои футболи аврупоиву осиёӣ чандин бозиҳои санҷишӣ гузаронидем.Ба ғайр аз ин соли дуюм аст, ки бозигарони мунтахаби ҷавонони мо дар ҳайати як даста дар чемпионати миллӣ иштирок мекунанд. Пагоҳ моро бозӣ бо мунтахаби ҷавонони Ироқ дар пеш аст. Ин бозӣ хеле мушкилу мураккаб мешавад. Ироқ дастаи хубу пурқувват  аст. Ман чунин ҳисоб мекунам, ки дар ин марҳилаи интихобӣ гурӯҳи мо яке аз мушкилтарин гурӯҳҳо аст. Умуман, дар гурӯҳи мо ягон дастаи заиф бозӣ намекунад. Ман дастаи худро яке аз пурқувваттарин дастаҳои ин мусобиқа мешуморам. Мо кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон дода, натиҷаи дилхоҳро соҳиб шавем ва мухлисони худро хурсанд гардонем. Бо истифода аз урсати муносиб, ман онҳоро ба варзишгоҳ барои дастгирии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон даъват мекунам. Дар назди дастаи мо вазифаи баромадан ба марҳилаи финалии мусобиқа гузошта шудаст, ки соли оянда дар Баҳрайн доир хоҳад шуд. Кӯшиш мекунем ва тамоми қувваамонро ба он сарф мекунем, ки ки натиҷаи дилхоҳро соҳиб шуда, боварии мухлисон ва роҳбарияти Федератсияи футболи мамлакатро сазовор гардем.

Аббас Атеа, сармураббии мунтахаби ҷавонони зери 19солаи Ироқ:

– Мо ба ин ин ҷо танҳо бо мақсади сазовор шудани роҳхат ба чемпионати Осиё-2016 омадем. Чунин меҳисобам, ки дастаи ман имконият дорад, натиҷаҳои аз ҳама баландтарро ба даст дарорад. Мо ба марҳилаи интихобӣ дар Эрон омодагӣ гирифта, бо мунтахаби ҷавонони ин кишвар ду бозии санҷишӣ гузаронидем. Дар бозии аввал мо бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуда, бозии дуюмро мусовӣ  1 бар 1 анҷом додем. Дар бозии якум бо Тоҷикистон рақобати сахт мешавад, зеро ҳар ду даста дар назди худ вазифаи ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа баромаданро гузоштанд. Бартарии ҳариф дар он аст, ки онҳо дар хонаашон бозӣ мекунанд ва мухлисонашон ҳамаҷониба ҳаводорияшон хоҳанд кард. Аммо, бозии аввал ҳамеша эҳтиёткорона ҷараён мегирад ва он барои дастаи Тоҷикистон ҳам мураккаб аст. Кадом даста дар гурӯҳи мо фаворит аст? Ман чунин меҳисобам, ки барои ҷои аввалро соҳиб шудан ҳар чори дастаҳо имконият доранд. Боз такрор мекунам, ки вазифаи мо аз ҷои аввали  гурӯҳ ба марҳилаи баъдии мусобиқа баромадан аст. Мо дар бораи ягон чизи дигар, ҳатто фикр ҳам намекунем. Барои амалӣ намудани вазифаи дар наздамон гузошташуда бошад, мо кӯшиш мекунем, ки аз тамоми имкониятҳо истифода намоем. Ман ба дастаи худам боварӣ дорам!

Абдулазиз Абдо, сармураббии мунтахаби ҷавонони Баҳрайн:

– Пеш аз ҳама, мехоҳам ба мизбонони мусобиқа барои меҳмоннавозияшон сипосгузорӣ баён кунам. Моро дар Душанбе бисёр гарм истиқбол карданд. Ягон мушкил нест ва ҳама чӣ ин ҷо дар сатҳи олияш ҳаст, худро ҳамчун дар хонаамон эҳсос мекунем. Ҳавои Душанбе бисёр хуб аст, мисли ҷойҳои мо гарму тоқатфарсо нест. Бегоҳ салқин мешавад, ҳаво футболӣ аст дар ин ҷо. Ман ҳамагӣ чор моҳ мешавад, ки дастаро роҳбарӣ мекунам. Новобаста аз он ки мо ҳамчун мизбони мусобиқа аллакай дар марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2016 ҳастем, бояд бигӯям, ки ин ҷо ба ҳайси сайёҳ наомадем ва барои дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол кардан кӯшиш мекунем. Дар бораи омодагӣ бошад, ҳаминро мегӯям, ки мо ба ин мусобиқа аввал дар Туркия омодагӣ гирифтем. Дар он ҷо се бозии санҷишӣ, аз ҷумла, якеро  бо ҳайати ҷавонони бошгоҳи футболи “Бешиктош” гузаронидем. Ин бозӣ мусовӣ 1 бар 1 анҷом ёфт. Пеш аз ба Душанбе омадан бошад, мо дар Қатар ҷамъомади таълимию машқӣ гузаронида, дар бозии санҷишӣ бо мунтахаби ҷавонони Қирғизистон бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз шудем. Дар ин муддат дастаи мо ташаккул ёфта, қадамҳои устувор ба пеш гузошт. Дар марҳилаи интихобӣ, ки дар Душанбе доир мегардад, мо иштирок карда, таҷрибаи худро афзун мекунем. Дар ин мусобиқа дастаҳои хеле қавӣ баромад мекунанд.

Муҳаммад Атхиф, сармураббии мунтахаби ҷавонони Молдив:

– Аз як ҷониб кори мо омад накард, ки бо мунтахабҳои қавии Тоҷикистон, Ироқ ва Баҳрайн дар як гурӯҳ бозӣ мекунем. Аз ҷониби дигар бошад, бо чунин дастаҳои пурқувват рақобат карда, таҷрибаи бозикунии бозигаронамон тақвият меёбад. Мо ба ин мусобиқа сар аз моҳи март, дар ватани худамон омодагӣ гирифта бо бошгоҳҳои футболи Молдив чанд бозии санҷишӣ гузаронидем. Муттаассифона, имконияти мисли рақибонамон дар хориҷи кишвар тамрин кардану омодагӣ диданро надоштем. Ба марҳилаи финалии мусобиқа баромадани моро вақт нишон медиҳад. Метавонам бигӯям, ки бозигарони ман дар ҳар бозӣ кӯшиш мекунанд, ки ба рақиб рақобати сахт нишон диҳанд. Ба ҳамаи дастаҳо барору комёбиҳоро таманно дорам! Бигзор зӯртарин даста ғолиб шавад!

Добавить комментарий