Сафоратхонаи Қатар ғолиби мусобиқа байни дипломатҳо шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Сафоратхонаи Қатар ғолиби мусобиқа байни дипломатҳо шуд

Аз ҷониби Вазорати корҳои хоиҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни 25 солагии Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд ташкилу баргузор гардонида шуд. Мусобиқа давоми нӯҳ рӯз идома ёфта, дар он дастаҳои футболи Сафоратхонаҳи муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.

Мусобиқа дар майдончаи футболбозии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо иштироки ҳашт даста баргузор шуд. Дар марҳилаи пешакӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо карда шуданд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои футболи сафоратхонаҳои Қатар, Русия, Ҷопон ва дастаи «Тоҷикдипсервис» шомил шуданд. Дастаҳои сафоратхонаҳои Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, СММ ва ВКХ ҶТ гурӯҳи «В»-ро ташкил доданд.

Аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳои «Тоҷикдипсервис» ва сафоратхонаи Қатар аз гурӯҳи «А» ва дастаҳои сафоратхонаи ИМА ва СММ аз гурӯҳи «В» ба бозиҳои нимфиналӣ баромаданд. Дар бозии якуми нимфиналӣ «Тоҷикдипсервис» бар дастаи СММ бо ҳисоби калони 6 бар 1 пирӯз шуда, кормандони сафоратхонаи Қатар бар дастаи дипломатҳои ИМА бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуд.

Дар бозӣ барои медалҳои биринҷии мусобиқа кормандони сафоратхонаи ИМА бар дастаи СММ бо ҳисоби 6 бар 3 зафарёб шуданд. Дар бозии финалӣ бошад, футболбозони дастаи сафоратхонаи Қатар бо ҳисоби 3 бар 1 бар футболбозони «Тоҷикдипсервис» дастболо гардиданд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа дастаҳои ғолиб ва ҷоизадор бо Ҷому медалҳо ва ифтихорномаву дипломҳо мукофотонида шуданд. Кумитаи тадорукотии мусобиқа, инчунин беҳтарин бозигарони мусобиқаро муайн намуд. Беҳзод Авазов аз («Тоҷикдипсервис») беҳтарин дарвозабон, Ҳошим Шарипов аз (сафоратхонаи Қатар) беҳтарин ниммуҳофизатгар ва Далер Ақназаров аз сафоратхонаи ИМА беҳтарин ҳамлагар эътироф гардиданд.

Добавить комментарий