Сабқати дублёрҳои дастаҳои лигаи олӣ: бозиҳои даври 12-ум баргузор шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Сабқати дублёрҳои дастаҳои лигаи олӣ: бозиҳои даври 12-ум баргузор шуданд

Охири ҳафтаи гузашта бозиҳои даври дувоздаҳуми сабқати ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии кишвар баргузор шуданд.

Дар ин даври сабқат пешсафони ҷадвали мусобиқа – ҷавонони “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода иштирок накарданд. Бозии ин дастаҳо ба 7 сентябр гузаронида шуд.

Ҳайати ҷавонони “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ бар ҷавонони “Хуҷанд” мусовӣ 2 бар 2 бозӣ кард. Ҷавонони КМВА “Помир” дар Кӯлоб бар соҳибони майдон ва ҷавонони “Барқи тоҷик” дар Душанбе бар ҳамсолони худ аз дастаи “Вахш”  бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуданд. Дублёрҳои “Далерон-Уротеппа” бошанд бар ҳайати ҷавонони “Парвоз” бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омаданд.

 

Мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ. Даври 12-ум

«ХАЙР» – «ХУҶАНД» – 2:2

Голҳо: Шарафҷон Солеҳов, 30 (1:0). Мирзошариф Назаров, 36 (1:1). Шарафҷон Солеҳов, 41 (2:1). Мирзошариф Назаров, 82 (2:2).

Аз майдон хориҷ шудШарафҷон Солеҳов («Хайр»), 84 – барои таҳқири сардовари бозӣ.

 

«РАВШАН» КМВА «ПОМИР» 0:1

Гол: Зоир Ҷӯрабоев, 57.

 

«БАРҚИ ТОҶИК» «ВАХШ» 1:0

Гол: Саидҷафар Носиров, 71.

 

«ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» «ПАРВОЗ» 2:1

Голҳо: Азиз Юсуфҷонов, 19 (0:1). Аваз Норқузиев, 76 (1:1). Сӯҳроб Маҳмудов, 82 (2:1).

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 11 10 1 0 56-5 31
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 11 6 4 1 16-8 22
3 КМВА «Помир» 12 6 1 5 20-16 19
4 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 12 5 4 3 28-25 19
5 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 12 5 3 4 22-21 18
6 «Хайр» (Ваҳдат) 12 4 5 3 20-37 17
7 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 12 5 1 6 20-19 16
8 «Равшан» (Кӯлоб) 12 2 3 7 13-24 9
9 «Барқи тоҷик» 12 2 1 9 15-29 7
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 12 2 1 9 16-42 7

Нишонзанҳо: Амирҷон САФАРОВ («Истиқлол») – 20 голДалер ЁДГОРОВ («Истиқлол») – 12 гол, Аваз НОРҚУЗИЕВ («Далерон-Уротеппа») – 10 гол.

Добавить комментарий