Сабқати дублёрҳо: ҷавонони «Регар-ТадАЗ» медалҳои нуқраро сохиб шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Сабқати дублёрҳо: ҷавонони «Регар-ТадАЗ» медалҳои нуқраро сохиб шуданд

Мусобиқа байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ҷамъбаст шуд. Резервистҳои «Истиқлол»-и пойтахт имсол ҳам медалҳои тиллои мусобиқаро соҳиб шуда, унвони чемпиониашонро нигоҳ доштанд. Медалҳои нуқраи ин сабқатро ҳайати ҷавонони «Регар-ТадАЗ» ва медалҳои биринҷиро бошад, ҷавонони КМВА «Помир» ба даст дароварданд.

Ҳамлагари ҳайати ҷавонони «Истиқлол»-и пойтахт ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Амирҷон Сафаров бо 27 голи задааш беҳтарин нишонзани мусобиқа байни дублёрҳои дастаҳои лигаи олии кишвар шуд.

 

Мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон. Даври 18

«Барки тоҷик» – «Далерон-Уротеппа» – 1:1

«Хуҷанд» – «Истиқлол» – 2:3

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1

КМВА «Помир» – «Хайр» – 2:1

«Парвоз» – «Вахш» – 2:0

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 18 16 2 0 78-11 50
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 18 9 6 3 28-17 33
3 КМВА «Помир» (Душанбе) 18 10 1 7 34-24 31
4 «Хайр» (Ваҳдат) 18 7 5 6 34 -40 26
5 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 18 7 2 9 26-36 23
6 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 18 6 5 7 36-38 23
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 18 5 5 8 31-37 20
8 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 18 5 2 11 24-56 17
9 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 18 4 3 11 21-35 15
10 «Равшан» (Кӯлоб) 18 2 6 10 19-37 12

Нишонзан: Амирҷон САФАРОВ («Истиқлол») – 27 гол.

Добавить комментарий