Сабқати дублёрҳо: ҳайати ҷавонони «Истиқлол» чемпиониашро ҳифз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Сабқати дублёрҳо: ҳайати ҷавонони «Истиқлол» чемпиониашро ҳифз кард

Даври навбатии мусобиқа байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии кишвар доир гардид. Ҳайати ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе, ки ҳанӯз чанд давр пеш барои ҳарифон дастнорас шуда, дар мавсими имсолаи футбол низ унвони чемпиониашро ҳифз карда буд, дар ин давр бозиро бо ҳамсолонашон аз «Барқи тоҷик»-и пойтахт мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод.

Ҳайати ҷавонони «Регар-ТадАз» дар майдони худ бар ҷавонони «Далерон-Уротеппа» бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз шуд. Дар даври ҷамъбасти ҷавонони Турсунзода дар сафар бо дублёрҳои «Равшан» бозӣ мекунад ва дар сурати пирӯзӣ медалҳои нуқраро соҳиб мешавад. Дар сурати бохти ҳайати ҷавонони «Регар-ТадАз» ва ғалабаи ҷавонони КМВА «Помир» бар дублёрҳои «Хайр» медалҳои нуқра насиби ҷавонони мудофиачӣ ва медалҳои биринҷии мусобиқа насиби ҷавонони Турсунзода мешавад.

 

Сабқати ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон. Даври 17

«Истиқлол» – «Барқи тоҷик» – 0:0

«Хуҷанд» – «Парвоз» – 2:4

«Вахш» – КМВА «Помир» – 2:1

«Хайр» – «Равшан» – 4:1

«Регар-ТадАЗ» – «Далерон-Уротеппа» – 3:1

  Б Ғ Б М Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 17 15 2 0 75-9 47
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 17 8 6 3 27-17 30
3 КМВА «Помир» (Душанбе) 17 9 1 7 32-23 28
4 «Хайр» (Ваҳдат) 17 7 5 5 33-38 26
5 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 17 7 2 8 26-34 23
6 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 17 6 4 7 35-37 22
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 17 5 5 7 29-34 20
8 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 17 4 2 11 20-34 14
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 17 4 2 11 22-56 14
10 «Равшан» (Кӯлоб) 17 2 6 9 19-36 12

Нишонзанҳо: Амирҷон САФАРОВ («Истиқлол») – 26 гол, Далер ЁДГОРОВ («Истиқлол»),  Аваз НОРКУЗИЕВ («Далерон-Уротеппа») – 12 гол, Киромиддин АБДУАЛИМОВ (КМВА «Помир»), Бахтовар ЗОКИРОВ («Парвоз») – 9 голӣ, Азимҷон ТОШЕВ («Регар-ТадАЗ»), Азамҷон ХУРСАНОВ («Барқи  тоҷик») – 8 голӣ.

Добавить комментарий