Рутбаи генералӣ муборак, Бароталӣ Ҳамидзода! – Федерация Футбола Таджикистана

Рутбаи генералӣ муборак, Бароталӣ Ҳамидзода!

Имрӯз, 28 август, бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон панҷ нафар кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба гирифтани рутбаи генерал-майор мушарраф шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Президенти мамлакат, сардори воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бароталӣ Ҳамидзода, ки ҳамзамон сардори хадамоти бехатарӣ ва узви Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад,  ба рутбаи генерал-майори милитсия сарфароз гардонида шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон Бароталӣ Ҳамидзодаро ба ин муносибат самимона табрик намуда, барояшон тани сиҳату хонаи обод ва муваффақияту комёбиҳоро таманно менамояд!

Добавить комментарий