Рустами Эмомалӣ: “Ман мухлиси мунтахаби миллӣ ҳастам!” – Федерация Футбола Таджикистана

Рустами Эмомалӣ: “Ман мухлиси мунтахаби миллӣ ҳастам!”

Шумораи ҷамъбастии газетаи ФутболvsСССР дар соли 2015, сӯҳбати вежаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалиро бо сардабири газета Сайёфи Мизроб интишор намуд, ки онро пешкаши шумо мегардонем. Дар сӯҳбат роҳбари футболи тоҷик, андешаву назари худро оиди бурду бохти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар чор соли охир баён менамояд.

 

– Мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ, инак соли чоруми фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон зери роҳбарии Шумо ба анҷом мерасад. Назари худро оиди бурду бохти Федератсия дар ин давра ба мухлисони футболи кишвар баён мекардед…

– Ташаккур. Ҷавобгӯи меъёрҳои замонавӣ гардонидани сохтори Федератсия, яке аз мавзуҳои асосие буд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин давра  ба рушди футболи кӯдакону наврасон низ таваҷҷӯҳи зиёд дода шуд. Ба хотири муҳайё кардани шароити мусоид барои тамрини онҳо, иншоотҳои зиёди варзишии замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷониби Федератсияи футболи мамлакат дар давоми ин давра, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 4 майдони калон ва наздики 10 адад майдончаҳои футболбозии сабзаашон сунъӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар сохта ба истифода дода шуд. Нахустин Академияи футболи кӯдакону наврасон ба фаъолият оғоз кард. Бо роҳи ташкилу баргузор гардонидани мусобиқаҳо байни дастаҳои футболи кӯдакону наврасон бошад,  шумораи футболбозони наврас низ афзун гардид. Мувофиқи барномаҳои мухталифи футболӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бештар аз 40 Фестивалҳои футболӣ ташкил шуда, дар онҳо ба кӯдакон зиёдтар аз 18 ҳазор тӯбҳои футболбозӣ тақдим карда шуд. Агар, се-чор сол қабл, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 2-3 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба машқи футбол фаро гирифта шуда бошанд, айни замон ин шумора бештар аз 30 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Беҳтарин истеъдодҳо ба ҳайати мунтахабҳои наврасону ҷавонони мамлакат  шомил гардонида шуда, зери роҳбарии мураббиёни касбӣ машқ мекунанд. Фаъолият дар ин самт идома дорад.

Баръало дида мешавад, ки солҳои охир таваҷҷӯҳи FIFA ва AFC ба Тоҷикистон бештар шудааст. Шумо оиди ин мавзу чӣ мегӯед?

– FIFA ва AFC ҳамчун ташкилотҳои байналмилалии идоракунандаи футбол, нисбати рушди ин соҳа дар тамоми ҷаҳон таваҷҷӯҳ доранд, ки дар ин миён Тоҷикистон ҳам истисно нест. Хушбахтона, нақшаву барномаҳое, ки аз ҷониби Федератсия футболи мамлакат ҷиҳати беҳдошти соҳаи футбол ба ин ташкилотҳо пешниҳод мегарданд, ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд.  Федератсияи футболи Тоҷикистон инчунин барои бо вазъи футболи ватанӣ шинос намудани FIFA ва AFC кӯшиш мекунад. Хурсандибахш аст, ки соли гузашта Федератсияи футболи Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи фаъолияти худ ба гирифтани унвони ифтихории Конфедератсияи футболи Осиё дар рушду инкишофи футболи кӯдакону наврасон муваффақ шуд. Ҳамчунин дар бораи фаъолияти муштараки Федератсия бо FIFA ва AFC барномаи мушахасе мураттаб гардонида шуда, тавассути сомонаи расмии ин ташкилотҳо ба намоиш гузошта шуд.

 

ШАЛКЕ ВА СПАРТАК ДАР ДУШАНБЕ

– Дар ду соли охир чандин клубҳои хориҷӣ, ба монанди “Шалке-04”-и Олмон ва “Газовик”-и Россия ба Тоҷикистон даъват шуда, бо клубҳои маҳаллӣ сабқат карданд. Бозӣ миёни собиқадорони дастаҳои маъруфи “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”-и Москва бошад, то дер боз дар хотири мухлисони футболи ватанӣ боқӣ мемонад.  Дар саргаҳи ин идея кӣ қарор дошт?

– Мувофиқи фаъолияти оинномавияшон клубҳои футболи мамлакат соҳибихиёранд ва ҳуқуқ доранд, ки бо клубҳои футболи хориҷӣ робитаву ҳамкорӣ дошта бошанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳама вақт онҳоро дастгирӣ намуда, барои гузаронидани бозиҳои санҷишиву дӯстонаашон бо клубҳои футболи хориҷӣ мусоидат мекунад. Ба Тоҷикистон ташриф овардани дастаҳои футболи Шалкеи Олмон ва “Газовик”-и Россия, дар натиҷаи ҳамкории бевоситаи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо клуби футболи “Истиқлол” сурат гирифт. Бозӣ миёни собиқадорони дастаҳои маъруфи “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”-и Москваро  бошад, Федератсияи футболи мамлакат ташкил намуд. Воқеан ҳам ин бозиҳо хеле хубу хотирмон доир гардида, ба рушду инкишофи футболи ватанӣ вусъат бахшиданд.

Дар алоқамандӣ ба ин суол, мехостем назари худро оиди ҳамкориҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон бо Федератсияҳои футболи дигар давлатҳо баён мекардед.

– Федератсияи футболи Тоҷикистон мувофиқи вазифаҳои оинномавии худ, ба тамоми Ассотсиатсияву Федератсияҳои футболи кишварҳои олам дар самтҳои гуногун ҳамкорӣ дорад. Дар давоми солҳои охир аз ҷониби Федератсияи футболи мамлакат бо Федератсияҳои футболи давлатҳои футболашон пешрафтаи осиёӣ – Эрон, Япония, Кореяи Ҷанубӣ ва Кувайт  ҳуҷҷати муҳими ҳамкорӣ – Ёддошти ҳусни тафоҳум (Меморандум) баста шуд. Мувофиқи ин ҳуҷҷати муҳими ҳамкорӣ, мо бо ҳамдигарӣ, оиди рушду инкишофи футболи кӯдакону наврасон, маълумотҳои мураббигарӣ, баргузории ҷамъомадҳои омӯзишӣ-машқии дастаҳои мунтахаб, ташкили бозиҳои дӯстона, такмили дараҷаи тахассусии доварону нозирон ва дигар самтҳо ҳамкории судманди дуҷониба дорем.

 

МУРАББИИ ХУБ ФУТБОЛБОЗИ ХУБ МЕОФАРАД!

– Мураббиён дар футбол нақши муҳим дошта, тарбияи истеъдодҳои ҷавон ба  донишу малакаи касбии онҳо сахт бастагӣ дорад. Мегуфтед, ки дар ин самт фаъолияти Федератсияи футболи мамлакат чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?   

– Дуруст. Барои ҳамчун футболбози ҳақиқӣ ва боистеъдод тарбия шудани бозигарон, пеш аз ҳама зарур аст, ки онҳоро мураббиёни касбӣ таълиму тамрин кунанд. Дар ин замина,  баланд бардоштани дараҷаи касбияти мураббиёни футбол, яке аз аз самтҳои асосии фаъолияти Федератсияи футболи мамлакат қарор дода шуд. Бо роҳи амалӣ гардонидани барномаҳо оиди маълумоти мураббигарии шӯъбаи техникии Федератсия, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ курсҳои омӯзишии дохиливу байналмилалӣ ташкил карда шуданд. Ба роҳбарии ин машғулиятҳо бошад, мутахассисони баландпоя аз FIFA ва AFC даъват шуданд. Имрӯз дар Тоҷикистон 48 нафар литсензияи мураббигарии дараҷаи “А”, 75 нафар литсензияи мураббигарии дараҷаи “В” ва 204 нафар литсензияи мураббигарии дараҷаи “С” – и Конфедератсияи футболи Осиёро дошта, мутаносибан, дар дастаҳои футболи лигаҳои оливу якум ва дастаҳои футболи кӯдакону наврасон фаъолият мекунанд. Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллӣ ва устоди “Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашев бошад, имсол соҳиби литсензияи дараҷаи “Pro”-и Иттиҳоди футболи Аврупо шуд, ки дар таърихи футболи соҳибистиқлолияти кишвар, аввалин нафар мебошад. Қобили қайд аст, ки дар ин давраи фаъолият барои баланд бардоштани савияи дониш ва дараҷаи касбии доварону нозирон ва дигар мутахассисони соҳа низ дар дохилу хориҷи мамлакат курсу семинарҳои зиёде ташкил карда шуда, маҳорати касбии онҳо сайқал дода шуд.

 

АЗ МУХЛИСОН СИПОСГУЗОРАМ

Солаи 2015 барои футболи Тоҷик умедворкунанда омад: Чемпиони мамлакат “Истиқлол”- и Душанбе ба финали Ҷоми AFC баромад. Дастаҳои мунтахаби ҷавонон ва футзали Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё роҳхат гирифтанд.  Омилҳои асосии ин ғалабаҳоро дар чӣ мебинед?

– Дар заҳматҳои пайвастаи роҳбарият, мураббиён, футболбозон ва ҳайати хизматрасони дастаҳо. Дар ин ғалабаҳо саҳми мухлисон низ хеле калон аст. Дастгирии онҳо ба бозигаронамон нерӯву тавони тоза бахшид. Футбол барои мухлисон аст ва бе ҳузури онҳо маънои аслии худро гум мекунад.  Ба ҳаммаи он мухлисоне, ки дар бозиҳои хонагии дастаҳои мунтахаб ва бошгоҳҳои футболи тоҷик ба варзишгоҳ омада,  моро дастгирӣ карданд, сипосгузорӣ баён мекунам.

 

36 БОЗИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРОИ 178 000 МУХЛИС

– Воқеан ҳам, соли ҷамъбастшудаистода барои мухлисони футболи кишвар фаромӯшнашавандаву хотирмон аст. Дар ин сол, дар Тоҷикистон мусобиқаҳои зиёди байналмилалӣ баргузор гардонида шуданд, ки нисбат ба солҳои пешин бесобиқаанд.  Боиси маҳз, дар Тоҷикистон доир шудани ин мусобиқаҳоро  ба хонандагони мо, ки миёнашон мухлисони футбол хеле зиёданд шарҳ медодед.

– Имсол дар Тоҷикистон Фестивали футболи кӯдакон барои мунтахабҳои наврасони зери 14 сола, марҳилаҳои интихобии чемпионати Осиё байни дастаҳои мунтахаби ҷавонон ва инчунин марҳилаи интихобии чемпионати футзали Осиё, бо иштироки чор дастаи мунтахаби миллии футзали давлатҳои Осиёи Марказӣ доир шуд. Ду мусобиқаи аввалӣ, мутаносибан дар Академияи футболи “Истиқлол”, дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор ва Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, мусобиқаи футзал бошад, дар маҷмааи варзишии “Қасри Варзиш”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардиданд. Дар маҷму, дар соли ҷамъбаст шуда истода, дар мамлакат 36 бозии байналмилалӣ доир гардид, ки мувофиқи омори расмии Федератсия, ин вохӯриҳоро бештар аз 178 ҳазор нафар тамошобинон дар варзишгоҳҳо тамошо карданд. Вобаста ба футбол бошад, бештар аз 1000 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ватани мо ташриф оварданд. Инҳо –  варзишгарон, нозирону доварон, мухлисон  ва ҳайати расмии намояндагони FIFA ва AFC мебошанд. Дар баробари иштирок дар мусобиқаҳо, ин шаҳрвандони хориҷӣ ба фарҳангу маданияти халқи тоҷик аз наздик шинос шуда, таассуроти нек бардоштанд. Қобили қайд аст, ки ташкилу баргузории ин мусобиқаҳо аз ҷониби намояндагони расмии FIFA ва AFC баланд баҳогузорӣ шуда, чандин маротиба ба унвони Федератсияи футболи кишвар, аз ҷониби ин ташкилотҳо номаҳои сипосу миннатдорӣ ирсол гардид. Конфедератсияи футболи Осиё қарор кард, ки соли оянда дар Тоҷикистон марҳилаи интихобии чемпионати Осиё байни дастаҳои мунтахиби бонувони зери 14 сола ва Фестивали футболӣ барои мунтахабҳои наврасони кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардонида шавад. Сабабҳои асосии дар Тоҷикистон баргузор шудани ин мусобиқаҳо бошад,  пеш аз ҳама сулҳу осоиштагӣ ва тинҷиву осудагӣ дар кишвар, инчунин мавҷуд будани шароитҳои мувофиқ барои гузаронидани онҳо ва ҳамкории пайвастаи Федератсия бо FIFA ва AFC мебошад.

 

БА “ХУҶАНД” БАРОР МЕХОҲАМ

– Соли оянда дар баробари тими миллӣ ва дастаҳои мунтахаби ҷавонону футзал, бошгоҳҳои футболи “Истиқлол” ва “Хуҷанд” низ футболи тоҷикро дар сабқатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунанд. Таманниёти шумо ба ин дастаҳо…

– Баромади хуб ва натиҷаҳои баланд. Бахусус, ба дастаи “Хуҷанд”, ки барои бори аввал дар чунин сабқати бонуфуз иштирок мекунад, барору комёбиро таманно мекунам. Боварӣ дорам, ки мақомоти иҷроияи Ҳукумати вилояти Суғд барои баромади бомуваффақияти “Хуҷанд” дар Ҷоми AFC, тамоми имкониятҳоро фароҳам месозад.

 

МУНТАХАБИ МИЛЛӢ БОЯД БА ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ БАРОЯД!

– Дар кишварҳои зиёди пешрафтаи футболӣ мунтахаби миллиро ҳамчун шиносномаи давлат арзёбӣ мекунанд. Баромади мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 бошад, мухлисони футболи тоҷикро қадре мушавваш сохт. 

– Футбол дар дунё бо суръати кайҳонӣ инкишоф ёфтаву пеш рафта истодааст. Дар тамоми сайёра дар футбол бозӣ карданро ёд гирифтанд. Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин қисмати мусобиқа, дар назди ситоди мураббиёни мунтахаби миллии кишвар, вазифаи баромадан ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё дар соли  2019-ро гузоштаст ва барои иҷроиши он тамоми чораҳои лозима андешида мешаванд. Шахсан бовар дорам, ки мунтахаби миллии Тоҷикистон аз иҷрои ин вазифа мебарояд.

 

МАН ҲАВОДОРИ МУНТАХАБИ МИЛЛИЯМ…

Аксарияти раҳбарони Федератсияҳои кишварҳои футболӣ фаворит доштанд. Масалан, Платини мухлиси Олимпики Марсел ва Мутко ҳаводори Зенити Санкт-Петербург ҳастанд. Шумо дастаи фаворит ё дӯстдори худро  доред?

– Ман мухлиси тими миллии Тоҷикистон ҳастам! Аз дастаҳои маъруфи ҷаҳонӣ бошад, “Манчестер Юнайтед”-и Англияро ҳаводорӣ мекунам.

Ва дар охир, таманнои шумо ба мухлисони футбол…

– Таманнои онро дорам, ки мухлисони футболи тоҷик ҳамеша тансиҳату солим ва хонаободу хушбахт бошанд! Аз бохти дастаҳояшон рӯҳафтода нашаванд! Зеро футбол бо бурду бохтҳояш зебо аст! Соли Нави ҳар яки онҳо муборак ва пурфайз бошад!

Барои сӯҳбати самимонаатон ташаккур!

– Саломат бошед!

Мусоҳиб Сайёфи МИЗРОБ

Добавить комментарий