Рустами Эмомалӣ боз президенти ФФТ интихоб шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Рустами Эмомалӣ боз президенти ФФТ интихоб шуд

Рустами Эмомалӣ барои бори дуюм пайдарҳам президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд. Конференсия ҳисоботӣ-интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 15 январ дар меҳмонхонаи «Хаятт Риҷенси Душанбе» доир гардид. Ҳамаи 64 нафар вакилони ҳуқуқи овоз доштаи Конференсия ба ҷонибдории Рустами Эмомалӣ, ки дар ин вазифа номзади ягона буд,  овоз доданд.

Дар Конференсия президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, ба  намояндагону меҳмонон, ҷиҳати ташрифашон сипосгузории самимонаи худро баён намуд ва инчуни дар кори Конференсия ба онҳо иштироки фаъол ва расидан ба натоиҷи дилхоҳро таманно намуд. Баъд аз интихоб шудани комиссияҳои кории Конференсия, ҳисоботи ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода барои ин давраи ҳисоботӣ шунида шуд. Дар маърӯзаи худ, ноиби аввал оиди тағйирот дар сохтори ФФТ ва амалӣ гардидани барномаҳои мушаххаси рушди футбол дар ин давраи ҳисоботӣ ба ҳозирин маълумот дод.

Оиди фаъолияти молиявии Федератсия дар ин давраи ҳисоботӣ бошад, сардори департаменти молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон Назрулло Бозоров ҳисобот доданд.

Дар бораи тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон бошад, роҳбари маъмурияти ФФТ Шавкат Аҳмадов баромад намуд.

Баъдан, намояндагони ҳуқуқи овоз доштаи Конференсияи ҳисоботӣ-интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон якдилона ба ҷонибдории Рустами Эмомалӣ овоз доданд. Ба ин тартиб, Рустами Эмомалӣ барои чор соли дигар ба ин фазифа интихоб гардид.

Дар охир мавзӯи интихоби аъзоёни нави Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ба узвияти Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон 13 нафар, на чун пештара 11 кас, интихоб шуданд, ки инҳо: Рустами Эмомалӣ, Қоҳир Расулзода, Аҳтам Абдуллозода, Шоҳрух Саидов, Бароталӣ Ҳамдзода, Музаффар Исҳоқов, Фарҳод Сайфиддинов, Исроил Шарипов, Фатҳулло Ҷалилов, Шариф Назаров ва Муҳсин Муҳаммдиев мебошанд. Ду нафар ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон – Хуршед Файзуллозода ва Дилшод Ҷӯраев ҳам, мувофиқи Оиннома, аз рӯи вазифаашон аъзои Кумитаи Иҷроияи ФФТ мебошанд.

Добавить комментарий