Россия рақиби Тоҷикистон дар бозии аввали Ҷоми Иттиҳод-2016 – Федерация Футбола Таджикистана

Россия рақиби Тоҷикистон дар бозии аввали Ҷоми Иттиҳод-2016

Тақвими бозиҳои мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016, ки дар он ҳашт даста ширкат мекунад, интишоро шуд. Мусобиқа аз 17 то 23 январ дар Санкт-Петербурги Россия доир мешавад.

Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо ҳамсолони худ аз Россия, Эстония ва Латвия рақобат мекунад. Дар гурӯҳи «А»-и мусобиқа мунтахабҳои ҷавонони Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Молдова баромад хоҳанд кард.

Бозии аввалини худро дар доираи ин мусобиқа мунтахаби ҷавонони  Тоҷикистон муқобили мунтахаби ҷавонони Россия мегузаронад. Ин бозӣ рӯзи 17 январ доир мешавад. Рӯзи 19 январ бошад, дар даври дуюм шогирдони Роман Пилипчук бо Эстония рақобат мекунанд. Дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳӣ, рӯзи 21 январ ҷавонони тоҷик бо ҳамсолониашон аз Латвия вориди майдони сабз мешаванд. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзиши «Олимпийский» мегузаранд.

Мувофиқи низомномаи Ҷоми Иттиҳод-2016 ғолибони гурӯҳ дар бозии финалӣ вомехӯранд. Дар бозӣ барои медалҳои биринҷӣ бошад, дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо рӯбарӯ мешаванд. Дастаҳои ҷои сеюми гурӯҳҳо барои зинаи панҷум ва дастаҳои зинаи охирини гурӯҳҳо бошанд, барои ҷои ҳафтум бо ҳамдигар мубориза мекунанд.

Маросими ботантанаи ифтитоҳи мусобиқа рӯзи 17 январ, соати 18:30 бо вақти маҳаллӣ оғоз мегардад. Мусобиқа рӯзи 23 январ, соати 21:00 ҷамъбаст мешавад.

 

Ҷоми Иттиҳод-2016

Гурӯҳи «А»: Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова.

Гурӯҳи «В»: Латвия, Эстония, Россия, ТОҶИКИСТОН.

 

Тақвими бозиҳои мусобиқа:

Даври 1-ум

17 январ (якшанбе)

14:00 – Беларус – Қиризистон
16:15 – Қазоқистон – Молдова
18:30 – Латвия – Эстония
21:00 – Россия – ТОҶИКИСТОН

Даври 2-юм

19 январ (сешанбе)

14:00 – Молдова – Қирғизистон
16:15 – Қазоқистон – Беларус
18:30 – ТОҶИКИСТОН – Эстония
21:00 – Россия – Латвия

Даврит 3-юм

21 январ (панҷшанбе)

14:00 – Беларус – Молдова
16:15 – Қирғизистон – Қазоқистон
18:30 – Латвия – ТОҶИКИСТОН
21:00 – Эстония – Россия

23 январ (шанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷои 7-ум
15:15 – Бозӣ барои ҷои 5-ум
17:30 – Бозӣ барои ҷои 3-юм
21:00 – Финал

Эзоҳ: оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

Добавить комментарий