Роман Пилипчук: «Ҳолати омодагии ҷисмонии баъзе бозигарон ба ман писанд нест» – Федерация Футбола Таджикистана

Роман Пилипчук: «Ҳолати омодагии ҷисмонии баъзе бозигарон ба ман писанд нест»

Сармураббии мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон Роман Пилипчук баъд аз бозии санҷишӣ бо КМВА «Помир» (1:1) натоиҷи баргузории ҷамъомадҳои омӯзишӣ-машқии дастаро ҷамъбаст намуд.

– Имрӯз мо бозии дуюми санҷишии худро дар ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ гузаронидем, – оғоз намуд сӯҳбатро бо рӯзноманигорон Пилипчук. – Чуни мешуморам, ки давраи омодагии ду ҳафтаинаро бачаҳо хуб гузаронданд. Ҷиҳати сатҳи функсионалии бозигарон ва ҳолатҳои тактикии ҳам суолҳо ҷой доранд. Ҳолати омодагии ҷисмонии баъзе бозигарон ба ман писанд нест. Мехоҳам ба дастаи КМВА «Помир» барои бо мо гузаронидани бозии санҷишӣ сипосгузорӣ баён кунам. Бозиҳои Ҷоми Иттиҳод як рӯз пас гузаронида мешаванд. Дар Санкт-Петербург бозигарон зери сарбории зиёд бозӣ хоҳанд кард. Имрӯз мо пай бурдем, ки дар рӯзи дуюм бозигарон вақти барқароршавиро надоштанд.

– Шогирдони шумо дар бозии санҷишӣ бо «Истиқлол» нисбат ба бозӣ бо мудофиачиён беҳтар бозӣ карданд. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

– Ба бозӣ бо «Истиқлол» мо ба таври мақсаднок омода шудем. Бо КМВА «Помир» бошад, маслиҳат кардем, ки баъд аз ду рӯзи бозии якум, дар ҳолати пурра барқарор нашудани бозигарон  бозӣ кунем. Бозӣ бо КМВА «Помир» нишон дод, ки на ҳаммаи бозигарон ба он тарзе, ки бозиҳо дар Ҷоми Иттиҳод мегузаранд, омодаанд. Дар Санкт-Петербург фосила байни бозиҳо ҳамагӣ як рӯз аст.

– Фирӯз Раҳматов дар ду бозии санҷишӣ дар ҳолати ивазшавӣ ба майдон баромада, гол мезанад. Барои чӣ ӯро аз дақиқаҳои аввал ба майдон намебароред?

– Ман аз бозигарон талаботҳои муайяни худро дорам. Имрӯз бошад, Фирӯз ба пурра иҷро кардани ин талаботҳо қодир нест. Аз ин рӯ, мо ӯро дар охири бозӣ, вақте ки бисёри бозигарон монда мешаванд, ба майдон мебарорем ва ӯ нисбат ба дигарон беҳтар ба назар мерасад. Аммо аз ду сар, он талаботҳоеро, ки меҳоҳем ӯ ҳамчун ҳамлагар анҷом диҳад, Фирӯз анҷом намедиҳад. Барои ҳамин бозиро аз ивазшавӣ оғоз мекунад. Айни замон бошад, мо дар хати ҳамла аз Фирӯз дида, бозигарони боқувваттаре мисли Нозим Бобоҷонов ва Ҷаҳонгир Алиев дорем. Ва онҳо аз дақиқаҳои аввал ба майдон мебароянд.

– Гурӯҳеро, ки дар он мунтахаби ҷавонони мо дар Ҷоми Иттиҳод баромад мекунад, чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

– Дар Ҷоми Иттиҳод дастаҳои суст нестанд. Аммо бо ҳамаашон бозӣ кардан мумкин аст. Ҳамчунон, ки мегӯянд, дар ҳолати баробар бозӣ кардани ду даста, ҳамонаш ғолиб мешавад, ки бештар муташаккил аст.

– Дар Ҷоми Иттиҳод, дар назди даста чӣ вазифа гузошта шудаст?

– Баромади хуб,  то ҳадди имконият. Вале мо дарк мекунем, ки имрӯз баъзе аз мавзуҳои муайяне низ ҷой доранд, ки метавонанд ба натиҷа таъсир кунанд…

Добавить комментарий