Роман Пилипчук: «Мушкили асосии мо – мавқеи дарвозабон аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Роман Пилипчук: «Мушкили асосии мо – мавқеи дарвозабон аст»

Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Роман Пилипчук, дар нишасти хабарии пас аз бозӣ, сабабҳои бохти дастаашро дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Иттиҳод-2016 аз мунтахаби Латвия (2:3) шарҳ дод.

«Росташро гӯям, ман дар ин мавзу фақат як назар дорам: На мунтахаби Латвия ба мо се гол зад, балки худи мо, дурусттараш дарвозабони мо се гол сар дод. Ман ба ягон нафар бозигарони майдонии худ, дар робита ба ташкили бозӣ ва худфидоияшон эътироз надорам. Мушкили асосии мо- мавқеи дарвозабон аст. Дигар мушкил надорем. Ташкили бозӣ, контроли тӯб, суръат – ҳамаро дорем. Ҳатто баъд аз бозиро бо ҳисоби 2 бар 0 бохта истодан ҳам ман ба бачаҳои худ гуфтам, ки мо гол зада метавонем. Он тарафашро худатон дидед. Ҳангоми иҷрои ҳолати маъмулии ҷаримавӣ бошад, мутаассифона, ин бор низ дарвозабонамон моро наҷот надод. Ман дигар иловае надорам. Фақат бояд ҳаминро гӯям, ки мо аз иштирок дар ин мусобиқа таҷрибаи калон гирифтем ва камбудиҳои асосии худро муайян сохтем.»

Добавить комментарий