Роман Пилипчук: «Аз худфидоии бозигаронам қаноатмандаму аз натиҷа – не» – Федерация Футбола Таджикистана

Роман Пилипчук: «Аз худфидоии бозигаронам қаноатмандаму аз натиҷа – не»

Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) Роман Пилипчук, дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ, бохти дастаашро дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Итиҳод-2016 аз мунтахаби ҷавонони Эстония (1:4) шарҳ дод:  

Роман Пилипчук, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон:

«Мехоҳам ҳамтои худро бо ғалаба табрик кунам. Имрӯз яке аз он лаҳзаҳое аст, ки аз бозӣ метавон қаноатмандӣ ҳосил карду аз натиҷа – не. Мо ба ин бозӣ хуб омода шудем. Мо дарк мекардем, ки  эстониҳо сарҷамъона ва ҷафс бозӣ мекунанд ва дар ин ҳолат дар пушти онҳо мавқеъҳои кушоди озод боқӣ мемонад. Мақсади асосии мо расонидани тӯб ба ин мавқеъои кушоди озод буд, ки онро иҷро кардем. Бист дақиқаи аввали бозӣ ин ҳолат хеле рӯшан буд. Бо дарвозабон баромади «як ба як» ҳам буд, ки мутаассиона аз он истифода карда натавонистем. Дар ҷое маҳорат камӣ кард, дар ҷое хунсардӣ нарасид. Баъдтар бошад, голи сардодашуда ба бачаҳо таъсири манфӣ расонд. Бисёр боиси таассуф аст, ки дар бозӣ бартарӣ дошта, тӯбро контрол карда, чандин лаҳзаҳои садфоизаи голзаниро созмон додву дар бозӣ мағлуб шавӣ. Мутаассифона, футбол баъзан бемантиқ аст. Ман аз худфидоии бозигарони худ қаноатмандаму аз натиҷа – не».

Мартин Рейм, сармураббии мунтахаби ҷавонони Эстония:

«Аввалан, ба дастаи ҳариф барои бозӣ сипосгузорӣ баён мекунам. Мехоҳам қайд кунам, ки мунтахаби Тоҷикистон аз бозигарони хуби аз лиҳози техникӣ бомаҳорату боҳӯш созмон ёфтаст. Мо ба ин бозӣ хуб омода шудем. Дидем, ки Тоҷикистон муқобили Россия чӣ гуна бозӣ кард. Мо низ дарк намудем, ки барои дар муқобили Тоҷикистон бозӣ кардану ба муваффақият расидан моро зарур аст, ки ҳатман бояд бисёр ҷафс ва дастҷамъонаву бе иштибоҳ бозӣ кунем. Ба ин тартиб пеш аз оғози бозӣ ба шогирдонамон ин дастурҳоро дода, ба натиҷаи дилхоҳ ноил шудем».

Добавить комментарий