Роман Пилипчук ҷавонони Тоҷикистонро ба Ҷоми Иттиҳод-2016 омода мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Роман Пилипчук ҷавонони Тоҷикистонро ба Ҷоми Иттиҳод-2016 омода мекунад

Мураббии калони мунтахаби миллии Тоҷикистон, мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистонро ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 омода мекунад. Мусобиқа аз 16 то 24 январ дар Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир хоҳад шуд.

Ба ситоди мураббиёни мунтахаби ҷавонони кишвар, инчунин сармураббии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа Рустам Хоҷаев ва устоди ҳайати ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе Баҳодур Суфиев шомил гаштанд. Мураббии омодагии ҷисмонии даста, мутахассиси украинӣ Владимир Власенко таъин шуд. Дарвозабонҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон зери роҳбарии Амоншо Содатсайров тамрин хоҳанд кард.

Қобили қайд аст, ки Ҷоми Иттиҳод-2016 аз 16 то 24 январ дар Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир мешавад. Дар сабқати навбатии Ҷоми Иттиҳод ҳамагӣ 8 дастаи мунтахаби ҷавонон ширкат мекунад. Қаблан шумораи иштирокчиёни ин мусобиқа 12 даста буд. Дар сабқат бозигарони солҳои таваллудашон 1994 ва аз ин боло ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Дар Ҷоми Иттиҳод-2016 дастаҳои мунтахаби ҷавонони Русия, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Молдова, Эстония ва Литва иштирок мекунанд.

Добавить комментарий