Роҳат сафед бод, мунтахаби футзали Тоҷикистон! – Федерация Футбола Таджикистана

Роҳат сафед бод, мунтахаби футзали Тоҷикистон!

Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон пеш аз сафари онҳо ба Тошканди Узбекистон,  дар спортбари «Истиқлол» вохӯрданд.

Вохӯрӣ бисёр самимона дар фазои дӯстона доир гашт. Роҳбари Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев ба мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии футзали Осиё-2016 барору комёбиҳоро таманно намуда, онҳоро бовар кунониданд, ки дар мамлакат шумораи зиёди дӯстдорони футбол онҳоро мухлисиву дастгирӣ хоҳанд кард. Футзалистони тоҷик дар навбати худ ваъда доданд, ки барои ҳифзи нангу шарафи футзали миллӣ кӯшиш хоҳапнд кард.

tajikistan_futsal2tajikistan_futsal3tajikistan_futsal6Бояд қайд кард, ки мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 яке аз ҷавонтарин дастаҳо мебошад. Синни миёнаи футзалистони тоҷик 21 солро ташкил медиҳад. Дар чемпионати Осиё-2016, ки аз рӯи ҳисоб 14-ум мебошад, мунтахаби миллии футзали Точикистон дар гурӯҳи «С» баромад мекунад. Ҳарифони футзалистони мо дар гурӯҳ мунтахабҳои футзали Таиланд (11 феврал), Ветнам (13 феврал) ва Тайбэи Чин (15 феврал) мебошанд.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин дар ин мусобиқа ба марҳилаи 1/4 финалӣ мебароянд. Дар сурати мувафақ шудани футзалистони тоҷик дар марҳилаи гурӯҳӣ яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» дар марҳилаи 1/4 финалӣ рақиби мо хоҳад шуд. Дар гурӯҳи «D»-и ин мусобиқа  мунтахабҳои футзали Япония, Австралия, Малайзия ва Қатар баромад мекунанд.

Панҷ дастаи беҳтарини футзали чемпионати Осиё-2016 ба марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали ҷаҳон, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Дар ин миён, ҳайати намояндагии мунтахаби футзали Тоҷикистон имрӯз ба Тошканд расид. Футзалистони тоҷик дар Тошканд ду бозии санҷишӣ бо мунтахаби футзали Узбекистон мегузаронанд. Бозиҳо рӯзҳои 27 ва 28 январ доир мешаванд.

Бозиҳои санҷишӣ бо мунтахаби футзали Узбекистон барои футзалистони точик дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё-2016, ки аз 10 то 21 феврал дар Тошканд доир мешавад, пешбинӣ шудаанд.

Добавить комментарий