Рекрутери КФО доварии Насрулло Кабировро баҳогузорӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Рекрутери КФО доварии Насрулло Кабировро баҳогузорӣ мекунад

Довари 32-солаи тоҷик Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак марҳилаи аввали азназаргузариро барои шомил шудан ба рӯйхати доварони баргузидаи КФО дар соли ҷорӣ сипарӣ мекунад.

Кори Кабировро рекрутери КФО Ҷасим Муҳаммад Маҳмуд Абдулкарим аз давлати Баҳрайн дар бозии даври даҳуми Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Вахш” баҳогузорӣ мекунад. Бозӣ рӯзи шанбеи 13 май дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена” доир мегардад. Оғози бозӣ соати 17:00.

Насрулло Кабировро дар ин бозӣ Хусрави Сиддиқзод ва Сайёдҷон Зайниддинов (ҳарду аз Душанбе) дар канори майдон ёрӣ мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро дар ин бозӣ рефери ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Душанбе ба зимма дорад.

Добавить комментарий