«Регар», КМВА «Помир», «Истиқлол» ва «Хайр» ба марҳилаи ниҳоӣ баромаданд – Федерация Футбола Таджикистана

«Регар», КМВА «Помир», «Истиқлол» ва «Хайр» ба марҳилаи ниҳоӣ баромаданд

Марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе бо ғалабаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҷамъбаст шуд. Дар даври охири ин мусобиқа металлургчиён бар КМВА «Помир» бо ҳисоби калони 3 бар 0 пирӯз шуданд. Дар минтақаи Душанбе инчунин дастаҳои КМВА «Помир», «Истиқлол» ва «Хайр» низ соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ шуданд.

Ба ин тартиб, дар марҳилаи финалӣ «Регар-ТадАЗ» ва «Хайр» дар гурӯҳи «Б», КМВА «Помир» ва «Истиқлол» дар гурӯҳи «А» баромад мекунанд.

 

Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи пешакӣ

Минтақаи Душанбе. Даври 7-ум

«ЛОКОМОТИВ» – «БАРҚИ ТОҶИК» – 1:2
Голҳо: 
Азамҷон Хурсанов, 46 (0:1). Абдулқосим Музаффаров, 64 (1:1). Азамҷон Хурсанов, 88 (1:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Анӯшервон Наврӯзов («Барқи тоҷик»).

 

«ХАЙР» – «ПОМИР» – 4:1

Голҳо: Мемори Маним Амир, 22 (1:0). Мемори Маним Амир, 26 (2:0). Мемори Маним Амир, 43 (3:0). Фаридун Неъматов, 55 – аз пеналти (3:1). Одил Бобоназаров, 66 – аз пеналти (4:1).

Аз майдон хориҷ шуд: Ваҳдат Ҳанонов («Помир»), 57.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Мемори Маним Амир («Хайр»).

 

КМВА «ПОМИР» – «РЕГАР-ТАДАЗ» – 0:3

Голҳо: Комрон Турсунов, 13 (0:1). Расул Пайзов, 46 (0:2). Меҳроҷиддин Музаффаров, 56 (0:3).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Меҳроҷиддин Музаффаров («Регар-ТадАЗ»).

 

«ИСТИҚЛОЛ» – «КӯКТОШ» – 11:1

Голҳо: Амирҷон Сафаров, 8 (1:0). Нозим Бобоҷонов, 12 (2:0). Нозим Бобоҷонов, 14 (3:0). Ҷаҳонгир Алиев, 21 (4:0). Нурулло Абдуллоев, 22 (4:1). Нозим Бобоҷонов, 23 (5:1). Нозим Бобоҷонов, 25 (6:1). Амирҷон Сафаров, 27 (7:1). Амирҷон Сафаров, 32 (8:1). Дилшод Восиев, 36 (9:1). Абдулмумин Забиров, 56 (10:1). Эҳсон Ҷалилов, 71 (11:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҷаҳонгир Алиев («Истиқлол»).

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 7 6 1 0 34-4 19
2 КМВА «Помир» (Душанбе) 7 5 0 2 33-8 15
3 «Истиқлол» (Душанбе) 7 4 1 2 28-10 13
4 «Хайр» (Ваҳдат) 7 3 3 1 15-7 12
5 «Помир» (Душанбе) 7 2 2 3 8-18 8
6 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 7 2 2 3 16-38 8
7 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 7 1 1 5 3-24 4
8 «Локомотив» (Душанбе) 7 0 0 7 3-31 0

Добавить комментарий