Равзанаи трансфери тобистона барои клубҳои лигаи олӣ маҳкам шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Равзанаи трансфери тобистона барои клубҳои лигаи олӣ маҳкам шуд

Равзанаи трансфери тобистонаи барои клубҳои лигаи олии Тоҷикистон, ки мувофиқи он бошгоҳи футболи кишвар ҳуқуқи номнавис кардани бозигарони навро дотанд, рӯзи панҷшанбеи 21-уми июл маҳкам шуд. Қариб, ки тамоми клубҳои футбол дар рӯзи охирони равзанаи трансферӣ бозигарони навро дар ҳайатҳои худ номнавис карданд. Дар зер рӯйхати бозигаронеро, ки дар давраи равзанаи трансфери тобистон ба ҳайати дастаҳои лигаи олии мамлакат номнавис шуданд, пешкаш мегардонем.

 

Бозигарони тозаномнависшудаи клубҳои лигаи олӣ дар давраи трансфери тобистона:

«Истиқлол» (Душанбе)*

Муҳофиз – Табрези Давлатмир (собиқ – «Барқчӣ»)

Ниммуҳофизон – Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев (ҳарду содиқ – «Барқчӣ»)

 

«Ҳосилот» (Фархор)

Дарвозабон – Фатҳулло Бобоев (собиқ-КМВА «Помир»)

Муҳофизон – Эраҷ Раҷабов (собиқ-«Хайр»), Ойбек Абдуғаффоров (собиқ -«Барқчӣ»)

Ниммуҳофизон – Сайриддин Ғаффоров (агенти озод, Узбекистон)

Ҳамлагар – Комил Саидов (собиқ-«Барқчӣ»)

 

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

Муҳофизон – Беҳрӯзҷон Ниёзов (собиқ-«Парвин»)

Ниммуҳофизон – Парвиз Ҷанҷолов (агенти озод)

Ҳамлагарон – Эроншо Равенов (собиқ-«Дӯстӣ»), Хайём Гургалиев (агенти озод)
«Барқчӣ» (Душанбе)

Муҳофизон – Ҳувайдо Малиев, Ҳусейн Нурматов (ҳарду собиқ-«Помир»), Зоир Ҷурабоев (собиқ-КМВА «Помир»), Алишер Сафаров, Соҳиб Саванкулов

Ниммуҳофизон – Ваҳдат Ханонов, Фаридун Неъматов (ҳарду– собиқ-«Помир»), Нумон Зокиров (собиқ-«Регар-ТадАЗ»)

Ҳамлагарон – Азиз Бегов (собиқ-«Регар-ТадАЗ»), Далер Ёдгоров (собиқ-«Помир»)

 

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

Муҳофиз – Далер Бердиқулов (собиқ-«Парвоз»)

Ниммуҳофизон – Санҷар Баратов (собиқ-«Обод», Узбекистон), Музаффар Сироҷиддинов (дар қисми аввал бо сабаби латбардорӣ дар ягон ҷо бозӣ накарда)

Ҳамлагарон – Аҳтам Ҳамроқулов (собиқ-«Вахш»), Фирӯз Раҳматов (собиқ-КМВА «Помир»)

 

КМВА «Помир» (Душанбе)

Дарвозабон – Анатолий Старушенко (агенти озод)

Муҳофиз – Сорбон Карамов (собиқ-«Регар-ТадАЗ»)

Ниммуҳофиз – Вайсиддин Сафаров (собиқ-«Хайр»)

 

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

Ниммуҳофизон – Абдусубҳон Раҳимов, Анвар Норқулов, Абдураҳмон Қурбонов, Руслан Тавакалов

Ҳамлагар – Меҳруллоҷон Бобоев

 

«Хайр» (Ваҳдат)

Дарвозабон – Худододагӣ Абдураҳимов (агенти озод)

Муҳофиз – Бокалли Доналд (Камерун)

Ниммуҳофизон – Екани Бессала, Хиак Кретел (ҳарду – Камерун)

Ҳамлагар – Мапеуджуе Лаппе (Камерун)

 

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

Муҳофизон – Азиз Абдусамиев, Алишер Нематов, Асламбек Ҷабборов

Ниммуҳофизон – Фирӯз Маткулов, Маруди Толибекзода

Ҳамлагарон – Оятулло Гулзода, Абдуҷамил Султонов, Азиз Юсуфҷонов

 

«Равшан» (Кӯлоб)

Муҳофизон – Далер Шомуродов (собиқ-«Ҳосилот»), Зариф Рустамов (агенти озод)

Ниммуҳофизон – Амирҷон Раҷабов, Бахтиёр Ҳасанов (агенти озод), Такие Ишмел, Гариба Джозе Далами, Аквел Канкам Джейиз (ҳама аз Гана)

Ҳамлагар – Ҳиматулло Малодустов (собиқ-«Барқчӣ»)

 

* «Истиқлол» ба ҳайати худ як нафар легионерро аз Русия номнавис кард, ки номи ӯ баъд аз гузаштани давраи азназаргузарӣ дар клубифутболи  пойтахт эълон карда мешавад.

 

Эзоҳ: Легионерҳое, ки ба ҳайати дастаҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон номнавис шуданд, танҳо баъди гирифтани сетификати трансфери байналмилалӣ (ITC) ҳуқуқи бозӣ карданро доранд. 

Добавить комментарий