Равзанаи трансфери тобистона барои клубҳои лигаи олӣ 21 июл маҳкам мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Равзанаи трансфери тобистона барои клубҳои лигаи олӣ 21 июл маҳкам мешавад

Лигаи миллии футболи Тоҷикистон мӯҳлати равзанаи трансфери тобистонаро барои клубҳои футболи лигаи олии кишвар муайян сохт. Муқаррар карда шуд, ки клубҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон то санаи 21-уми июл метавонанд бозигарони навро барои иштирок дар қисми дуюми чемпионати Тоҷикистон-2016 дар ҳайати худ номнавис кунанд.

Давраи бақайдгирӣ, ки дар он клубҳои футболи лигаи олӣ метавонанд гузариши бозигаронро номнавис кунанд, имрӯз, 1-уми  июл оғоз шуда, то соати 17:00 санаи 21-уми июл давом мекунад. Баъд аз анҷоми муҳлати муқарраргардида, клубҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон наметавонанд гузариши футболбозонро аз як даста ба дастаи дигар бақайд бигиранд.

Ёдрас мешавем, ки ниммаи дувуми мавсими футбол барои дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон бо бозиҳои 1/8 финалии Ҷоми миллӣ оғоз мешавад. Бозиҳои якуми ин мусобиқа рӯзҳои 23-24 июл ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 30-31 июл баргузор хоҳанд шуд.

Инчунин, аз Лигаи миллии футболи Тоҷикистон хабар доданд, ки дастаҳои футболи лигаи якум аз 1 то 21 июл метавонанд ба ҳайати худ бозигаронеро номнавис кунанд, ки қаблан аз аввали мавсим дар ягон даста номнавис нашуданд. Гузариш аз клуб ба клуб дар двизиони якуми кишвар баъд аз анҷоми қисми якум, саҳухтараш санаи 14-уми август оғоз мешавад.

Добавить комментарий