Дар ҷаласаи Шӯрои Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон мавзӯи мӯҳлати равзанаи гузариши тобистона барои клубҳои футболи лигаи олӣ баррасӣ шуд. Бо Қарори Шӯрои мазкур равзанаи гузариши тобистона аз 1 июл оғоз шуда то соати 17.00 21 июл идома мекунад.
Дар ин бора ба торнамоии расмии Федератсияи футболи кишвар Менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон (ЛМФТ) Алишер Урунов хабар доданд.