Ранги либосҳои бозикунии дастаҳо муайян шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ранги либосҳои бозикунии дастаҳо муайян шуд

Ранги либосҳои бозикунии мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар вохӯриҳо бо мунтахабҳои Ироқ, Туркманистон ва Қатар дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 байни наврасон муайян карда шуд.

Дар бозии даври ифтитоҳии мусобиқа бо Ироқ, наврасони мо, ки ба ном соҳибони майдон ҳисоб меёбанд, бо либосҳои сафед ба майдон мебароянд. Наврасони Ироқ бо либосҳои зард бозӣ мекунанд.

Дар бозии даври дуюм бо мунтахаби наврасони Туркманистон, ки рӯзи 18 сентябр доир мегардад, наврасони мо бо либосҳои сурх майдондорӣ хоҳанд кард. Мунтахаби наврасони туркман дар ин бозӣ бо либосҳои сафед вориди майдони сабз мешавад.

Дар бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳӣ низ дружинаи Зайниддин Раҳимов бо либосҳои сурх бозӣ мекунад. Соҳибони майдон, мунтахаби наврасони Қатар бошад, бо либосҳои сафед бозӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи якшанбеи 20 сентябр доир мегардад.

Тақвими бозиҳои марҳилаи гурӯҳии чемпионати Осиё-2016  дар гурӯҳи “С”:

Даври 1-ум

16 сентябр (чоршанбе)

18:00 – Қатар – Туркманистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Ироқ

 

Даври 2-юм

18 сентябр (ҷумъа)

18:00 – Туркманистон – ТОҶИКИСТОН

21:00 – Ироқ – Қатар

 

Даври 3-юм

20 сентябр (якшанбе)

18:00 – Қатар – ТОҶИКИСТОН

21:00 – Ироқ – Туркманистон

Эзоҳ: соати бозиҳо бо вақти Душанбе.

Добавить комментарий