«Рамис-Испечак» – ғолиби Ҷоми шаҳрдории Душанбе – Федерация Футбола Таджикистана

«Рамис-Испечак» – ғолиби Ҷоми шаҳрдории Душанбе

21-уми март, дар Варзишгоҳи марказии пойтахт, дастаи  «Рамис-Испечак» дар бозии финалии Ҷоми шаҳрдорӣ бо дастаи «Кишмиш» во хӯрда, ғолиб омад ва соҳиби Ҷоми шаҳрдории Душанбе гардид.

Ҷоми шаҳрдории Душанбе давоми 58- рӯз, аз 21-уми январ то 21-уми март идома ёфт ва дар он 16 даста  дар ду гурӯҳ бо ҳам  мусобиқа оростанд. Дар ин ҷараён 64 бозӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯрии финалӣ дастаҳои «Рамис-Испечак» ва «Кишмиш» бо ҳам рақобат карданд. Дар дақиқаи 8-уми бозӣ алакай ҳисоб метавонист 2:0 ба нафъи футболбозони «Рамис-Испечак» бошад, аммо собиқ дарвозабони дасти мунтахаби Тоҷикистон Алишер Тӯйчиев маҳорати олӣ нишҳон дода ин лаҳзаҳоро бехатар гардонид. Нимаи аввал бе кушодани ҳисоб поён ёфт.

Дар нимаи дувум футболбозони «Рамис-Испечак» бо голҳои задаи Рустам Хоҷаев (65-ум дақиқа) ва  Дилшод Давлатов бо натиҷаи 2:0 ба сафи пеш баромаданд. Ягона голи задаи Толиб Султонов дастаи «Кишмиш»-ро аз мағлубият раҳо карда натавонист.

Дар ҷамъбасти мусобиқа ба дастаи ғолиб медалҳои тилло , Грамота, Ҷом ва маблағи ҷоизавии 5 000 сомонӣ тақдим шуд. Соҳиби мақоми дуввум, дастаи «Кишмиш» бо медалҳои нуқра ва  3 000 сомонӣ ва барандаи мақоми сеюм, дастаи «Шайнак» бо медалҳои биринҷӣ ва 2 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Кумитаи ташкилии мусобиқа ҳамчунин беҳтарин бозингаронро муайян кард. Алишер Туйчиев («Кишмиш»), Ориф Маҳмудов («Корвон») ва Бежан Асоев («Шайнак») беҳтарин бозингарон эълон гардиданд. Ҳамлагари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон  (U-15) Ислом Зоиров, ки ба дарвозаи ҳарифон 7 тӯб задааст, нишонзани беҳтарини мусобиқа шинохта шуд. Тӯҳфа барои унвони беҳтарин довар ба Хайриддин Асалов мансуб дониста шуд.

Добавить комментарий