Раддабандии нави ФИФА: Тоҷикистон дар мақоми собиқаш монд – Федерация Футбола Таджикистана

Раддабандии нави ФИФА: Тоҷикистон дар мақоми собиқаш монд

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол дар мақоми 144-ум қарор дорад.

Бар асоси рейтинги навиинтишоршудаи FIFA, ки имрӯз, 15 сентябр нашр шуд, мунтахаби Тоҷикистон бо 215 имтиёз мақоми моҳи қаблияшро ҳифз кардааст. Миёни кишварҳои Осиё Марказӣ Узбекистон пештоз аст. Ин кишвар бештар аз моҳҳои гузашта мавқеашро беҳтар карда, зинаи 49-умро муаррифӣ мекунад. Қазоқистон дар ҷойи 83, Қирғизистон дар зинаи 108 ва Туркманистон дар зинаи 116-ум қарор доранд.

Тими миллии Аргентина дар садри раддабандии тозаинтишоршудаи ФИФА қарор дорад. Дар ҷойи дуюм Белгия ва мақоми сеюмро Олмон соҳиб шудааст. Колумбия, Бразилия, Чили, Португалия, Франсия, Уругвай ва Уэлс шомили даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон гардидаанд.

Раддабандии ФИФА аз соли 1993 инҷониб ҳар моҳ таҳия мегардад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаб дода мешавад.

Добавить комментарий