Раддабандии нави ФИФА: мақоми мунтахаби Тоҷикистон бетағийр монд – Федерация Футбола Таджикистана

Раддабандии нави ФИФА: мақоми мунтахаби Тоҷикистон бетағийр монд

Имрӯз Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) раддабандии нави мунтахабҳои миллиро интишор кард. Мунтахаби Тоҷикистон чун моҳи қаблӣ бо 155 имтиёз дар мақоми 158-ум қарор дорад.

Байни мунтахабҳои Шӯравии собиқ дружинаи Мубин Эргашев зинаи охирини понздаҳумро ишғол мекунад. Байни 46 мунтахаби қораи Осиё бошад, мунтахаби мо дар мақоми 29 қарор дорад.

Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи “В” дар раддабандии нави ФИФА ба таври зайл қарор доранд: Австралия дар зинаи 61-ум, Урдун дар зинаи 92-юм, Қирғизистон дар ҷои 155-ум ва Бангладеш дар мақоми 173-юм.

Бозии навбатии худро мунтахаби миллии Тоҷикистон рӯзи 8 сентябр бо чемпиони феълии Осиё мунтахаби Австралия мегузаронад. Дар сурати муваффақият дар ин бозӣ, мунтахаби миллии Тоҷикистон имкон пайдо мекунад, ки мавқеи худро дар раддабандии ояндаи ФИФА хеле беҳтар гардонад. Раддабандии навбатии ФИФА 1-уми октябр интишор мешавад.

Добавить комментарий