Раддабандии ФИФА: Тоҷикистон зинаи 160-умро ишғол мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Раддабандии ФИФА: Тоҷикистон зинаи 160-умро ишғол мекунад

Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол, имрӯз, 1-уми октябр раддабанди нави мунтахабҳои миллиро интишор намуд. Дар он дружинаи Мубин Эргашев бо 156 имтиёз мақоми 160-умро ишғол мекунад, ки нисбат ба рӯйхати дар моҳи гузшта интишорнамудаи ФИФА ду зина пасттар аст.

Дар миёни мунтахабҳои Шӯравии собиқ мунтахаби Тоҷикистон мақоми аз ҳама охирро ишғол мекунад. Байни 46 мунтахаби қораи Осиё бошад, Тоҷикистон дар зинаи 28 ҷой дорад.

Рақибони мунтахаби мо дар марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи “В” дар раддабандии нави ФИФА зинаҳои зеринро ишғол мекунанд: Австралия (58), Урдун (99), Қирғизистон (146) ва Бангладеш (182).

Моҳи октябр мунтахаби миллии Тоҷикистон дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 ду вохӯрӣ мегузаронад. Тими миллии Тоҷикистон рӯзи 8 октябр дар Бишкек бо мунтахаби миллии Қирғизистон ва рӯзи 13 октябр дар Амман бо тими миллии Урдун рақобат мекунад.

Дар сурати муваффақ шудан дар ин бозиҳо тими миллии кишвар имконият дорад, ки мавқеи худро дар раддабандии ояндаи ФИФА, ки 5 ноябр интишор хоҳад шуд, андаке беҳтар гардонад.

Добавить комментарий