Раддабандии ФИФА: Тоҷикистон дар мавқеи пештарааш монд – Федерация Футбола Таджикистана

Раддабандии ФИФА: Тоҷикистон дар мавқеи пештарааш монд

Мувофиқи  раддабандии нави Федератсияи Ассотсиятсияҳои байналмилалии футбол (ФИФА) интишоршуда, мунтахаби миллии Тоҷикистон мавқеашро дар мақоми 148-ум нигоҳ дошт.

Мунтахаби миллии Тоҷикистон 196 имтиёз дорад. Дар байни мунтахабҳои Конфедератсияи футболи Осиё бошад, Тоҷикистон зинаи 26-умро ишғол мекунад.

Дар раддабандии охирии ФИФА ҳарифони мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 ба ин тартиб ҷойгир шудаанд: Австралия дар ҷои 59 (583 имтиёз), Урдун дар ҷои 86 (398 имтиёз), Қирғизистон дар мақоми 107 (324 имтиёз), Бангладеш дар зинаи 179 (87 имтиёз).

Бозиҳои навбатии худро дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 мунтахаби миллии Тоҷикистон ниммаи дуюми моҳи март мегузаронад. Дружинаи Мубин Эргашев рӯзи 24 март дар сафар бо Австралия ва рӯзи 29 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ муқобили мунтахаби Қирғизистон бозӣ мекунад.

Добавить комментарий