Раддабандии ФИФА: Тоҷикистон аз ҷояш наҷунбид – Федерация Футбола Таджикистана

Раддабандии ФИФА: Тоҷикистон аз ҷояш наҷунбид

Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар раддабандии ба тозагӣ интишоршудаи ФИФА чун як моҳ қабл дар мақоми 160-ум қарор дорад.

Аммо нисбат ба рӯйхати раддабандии як моҳ пештар нашршудаи ФИФА, Тоҷикистон се имтиёз бештар дорад. Байни мунтахабҳои собиқи Шӯравӣ дружинаи Мубин Эргашев мақоми аз ҳамма охири 15-умро ишғол мекунад. Дар байни 46 мунтахаби Осиё бошад, мунтахаби миллии мо зинаи 28-умро ишғол мекунад.

Рақибони тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «В»-и марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 ба таври зайл дар раддабандии нави ФИФА қарор доранд: Австралия дар ҷои 60-ум, Урдун дар ҷои 82-юм, Қирғизистон дар ҷои 124-ум ва Бангладеш дар зинаи 180-ум.

Дар моҳи ноябр мунтахаби миллии Тоҷикистон дар доираи бозиҳои марҳилаи интихоби ҶҶ-2018 хамагӣ як вохӯрӣ мегузаронад. Тими миллии мо рӯзи 12 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо мунтахаби миллии Бангладеш рақобат мекунад. Оғози бозӣ соати 17.00.

Раддабандии нави ФИФА 3 декабр интишор хоҳад шуд.

Добавить комментарий