Раддабандии ФИФА: мунтахаби Тоҷикистон чун пештара мақоми 148-умро ишғол мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Раддабандии ФИФА: мунтахаби Тоҷикистон чун пештара мақоми 148-умро ишғол мекунад

Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар феҳристи раддабандии тозаинтишоршудаи ФИФА чун пештара мақоми 148-умро ишғол мекунад. Раддабандии февралии ФИФА имрӯз, 4 феврал, интишор шуд.

Мунтахаби миллии Тоҷикистон чун пештара дар ҳисоби худ 186 имтиёз дорад. Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё бошад, дастаи асосии мамлакат мақоми 26-умро ишғол мекунад.

Ҳарифони дружинаи Мубин Эргашев дар марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 дар раддабандии нави ФИФА ба ин тартиб ҷойгир шудаанд: Австралия бо 510 имтиёз дар мақоми 68-ум, Урдун бо 418 имтиёз дар мақоми 82-юм, Қирғизистон бо 324 имтиёз дар мақоми 105-ум ва Бангладеш бо 100 имтиёз дар мақоми 177-ум.

Бозиҳои навбатии худро мунтахаби миллии Тоҷикистон дар моҳи март мегузаронад. Мунтахаби миллии Тоҷикистон рӯзи 24-уми март дар сафар бо чемпиони феълии Осиё, мунтахаби Австралия ва рӯзи 29-уми март бошад, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо мунтахаби миллии Қирғизистон рақобат мекунад. Ин вохӯриҳо дар доираи бозиҳои марҳилаи дуюми интихоби ҶҶ-2018 дар гурӯҳи «В» доир мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки беҳтарин нишондоди мунтахаби миллии Тоҷикистон дар радабандии ФИФА мақоми 106-ум дар соли 2013 буд. Соли 2003 бошад, натиҷаи пасттарини мунтахаби миллии мо дар радабандии ФИФА қайд шудааст. Дар ин сол дастаи асосии футболи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА дар мақоми 180-ум қарор дошт.

Добавить комментарий