Рақибони Тоҷикистон бозиҳои саҷишӣ гузарониданд – Федерация Футбола Таджикистана

Рақибони Тоҷикистон бозиҳои саҷишӣ гузарониданд

Ҳафтаи гузашта, рӯзи 30 май рақибони тими миллии Тоҷикистон дар доираи бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018, мунтахабҳои Урдун ва Бангладеш мутаносибан бо тимҳои Лубнон ва Сингапур бозиҳои санҷишӣ гузарониданд.

Мунтахаби миллии Урдун, ки рӯзи 11 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо дружинаи Муҳсин Муҳаммадиев рақобат мекунад, рӯзи 30 май дар Ирбид бо мунтахаби Лубнон вохӯрии санҷишӣ гузаронид. Бозӣ мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.

Мунтахаби миллии Урдун рӯзи душанбеи 1 июн барои гузаронидани ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ ба Туркия сафар мекунад ва дар он ҷо рӯзи 5 июн бо Кувайт бозии санҷишӣ мегузаронад.

Ҳарифи дигари мо дар марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 тими миллии Бангладеш дар майдони худ бо мунтахаби Сингапур бозии санҷишӣ гузаронид. Дар ин бозӣ ҳисобро футболбозони мунтахаби Бангладеш боз карданд, аммо ба як голи задаи онҳо меҳмонони сингапурӣ бо ду гол ҷавоб гуфтанд. Бозии навбатии санҷишии худро мунтахаби Бангладеш рӯзи 2 июн дар майдони худ бо мунтахаби Афғонистон мегузаронад.

Ҳаминро қайд мекунем, ки бозии мунтахабҳои Бангладеш ва Тоҷикистон дар доираи марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018, рӯзи 16 июн дар Дакка баргузор мешавад.

Добавить комментарий