Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) маълум шуданд

Имрӯз, 30 апрел, дар Манама қуръакашии бозиҳои марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои ҷавонони то синни 19 сола доир гардид. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “D” бо мунтахабҳои ҷавонони Узбекистон, Хитой ва Австралия рақобат мекунад.

Ба гурӯҳи “А” мунтахабҳои Баҳрайн, Таиланд, Кореяи ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ шомиланд. Гурӯҳи “В”-и мусобиқаро бошад дастаҳои мунтахаби ҶХДК, ИМА, Ироқ ва Ветнам ташкил медиҳанд. Мутахабҳои ҷавонони Қатар, Японии, Яман ва Эрон бошанд дар гурӯҳи “С” баромад мекунанд.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи ҷойҳои якуму дуюм ба бозиҳои марҳилаи баъдӣ роҳхат мегиранд.

Дар чемпионати Осиё-2016, ки аз 13 то 30 октябр дар Баҳрайн доир мешавад, чор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2017 ба Кореяи Ҷанубӣ мешавад. Дар сурати ба бозиҳои ниманиҳоии чемпионати Осиё-2016 роҳ ёфтани мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ он гоҳ дастаи ҷои панҷум низ соҳиби роҳхати  марҳилаи ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2017 байни ҷавонон мешавад. Дар чемпионати Осиё-2016 дар Баҳрайн бозӣ барои ҷои сеюм доир намешавад.

 

Натоиҷи қуръакашии чемпионати Осиё -2016 (U-19):

Гурӯҳи «А»: Баҳрайн, Таиланд, Кореяи ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.

Гурӯҳи «В»: ҶХДК, ИМА, Ироқ, Ветнам.

Гурӯҳи «С»: Қатар, Япония, Яман, Эрон.

Гурӯҳи «D»: Узбекистон, Хитой, Австралия, ТОҶИКИСТОН.

Добавить комментарий