Рақибони эҳтимолии «ДИСИ Инвест» дар чемпионати бошгоҳии Осиё-2017 маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Рақибони эҳтимолии «ДИСИ Инвест» дар чемпионати бошгоҳии Осиё-2017 маълум шуданд

Қуръакашии чемпионати бошгоҳии Осиё оид ба футзал, ки дар он рақибони чемпиони секаратаи Тоҷикистон дастаи футзали «ДИСИ Инвест» низ маълум мешаванд, рӯзи 30 май дар меҳмонсарои «Гранд отел Сайгон» дар Ҳошимин доир мешавад.

Мусобиқаи мазкур, ки аз рӯи ҳисоб ҳафтумин ҳисоб меёбад аз 19 то 30 июл дар Ҳошимини Ветнам баргузор хоҳад гашт. Дар ин мусобиқа чемпионҳои футзали 14 кишвари осиёӣ иштирок мекунанд. Чемпиони секарати Тоҷикистон «Диси Инвест» якҷоя бо чемпиони Қиризистон дастаи футзали “Ерем” ва чемпиони Инденезия, ки баъдтар маълум хоҳад шуд, дар сабади охирии чорум  ҷойгир мешавад.

Дар сабади якум клубҳои «Тай Сон Нам» (Ветнам), «Шрикер Осака» (Япония), «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) ва «Чонбури Блювейв» (Таиланд) ҷо гирифтанд. Ба сабади дуюм дар қуръакашӣ клубҳои «Ал-Аҳлӣ» (АМА), «Санае Гити Пасанд» (Эрон), чемпиони Қатар ва «Алмалик» (Узбакистон) шомиланд. Сабади сеюм аз клубҳои «Вик Виперс» (Австралия), «Банк Бейрут» (Лубнон) ва «Шенжен Нанлинг Тиеланг» (Чин) созмон ёфтаст.

Мувофиқи қуръакашии чемпионати футзали Осиё-2017 14 даста ба 4 гурӯҳ тақсим карда мешаванд ва ба ин тартиб, 2 гурӯҳи 4 дастагӣ ва 2 гурӯҳи 3 дастагӣ сомон дода мешаванд. Баъди бозиҳи марҳӣлаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳду дастагӣ ба марҳилаи баъдӣ роҳ меёбанд. Бозиҳои марҳилаи баъдӣ мувофиқӣ системаи олимпӣ ҷараён мегиранд.

Қобили қайд аст, ки мутобиқи тартиби баргузории мусобиқа ҳар даста ҳуқуқ дорад 2 бозингари легионерро ба рӯйхати ҳақи иштирок шомил намояд. Ин ҳам дар ҳоле, ки 1 нафари ин бозингарон бояд аз кишварҳои осиёӣ бошад.

 

Ҳайати сабадҳо дар қуръакашӣ

Сабади 1: «Тай Сон Нам» (Ветнам), «Шрикер Осака» (Япония), «Нафит Ал-Васат» (Ироқ), «Чонбури Блювейв» (Таиланд);

Сабади 2: «Ал-Аҳли» (ИМА), «Санае Гити Пасанд» (Эрон), чемпиони Қатар, «Алмалик» (Узбакистон);

Сабади 3: «Вик Виперс» (Австралия), «Банк Бейрута» (Лубнон), «Шенжен Нанлинг Тиеланг» (Чин);

Сабади 4: чемпиони Индонезии, «Ерем» (Қирғизистон), «ДИСИ Инвест» (Тоҷикистон).

Добавить комментарий