Рақибони “ДИСИ Инвест” маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Рақибони “ДИСИ Инвест” маълум шуданд

Рақибони чемпиони секаратаи футзали Тоҷикистон “ДИСИ Инвст”-и Душанбе  дар чемпионати бошгоҳии Осиё-2017 маълум шуданд. Мусобиқаи мазкур аз 20 то 30 июл дар Ҳошимини Ветнам доир хоҳад шуд.

Мувофиқи қуръакшии мусобиқа дастаи “ДИСИ Инвест”, ки соли аввал аст дар ин мусобиқа иштирок мекунанд, дар гурўҳи “В” ҷойгир шуд. Рақибони дастаи мо дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа фи налисти соли гузаштаи мусобиқа “Нафит Ал-Васат”-и Ироқ, инчунин “Вамос Матарам”-и Индонезия ва чемпион Қатар, дастаи футзали “Ал-Райян” мебошанд.

Ҳамагӣ бар асосии қуръакашии чемпионати бошгоҳии Осиё-2017 чордаҳ дастаи иштирокчӣ ба чор гурӯҳ тақсим карда шуданд. Ба ин тартиб дар гурӯҳҳои “А” ва “В” чор дастагӣ ва дар гурӯҳҳои “С” ва “D” се дастагӣ ҷо гардиданд.

Мувофиқи Низомномаи баргузории мусобиқа баъд аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳилаи баъдӣ, яъне ба бозиҳои 1\4 финалӣ баромада, мусобиқаро бар асоси тартиби олимпӣ идома медиҳанд.

Барои иштирок дар чемпионати бошгоҳии Осиё-2017 ҳар як дастаи иштирокчӣ ҳақ дорад, ки то ду нафар бозингарони легионерро номнавис кунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки як нафарашон ҳатман бояд аз кишварҳои осиёӣ бошад.

 

Натоиҷи қуръакашии чемпионати бошгоҳии футзали Осиё-2017:

Гурӯҳи «А»: «Тай Сон Нам» (Ветнам), «Ал-Дхафра» (ИМА), «Вик Виперс» (Австралия), «Ерем» (Қирғизистон);

Гурӯҳи «В»: «Нафит Ал-Васат» (Ироқ), «Ал-Райян» (Қатар), «Вамос Матарам» (Индонезия), «ДИСИ Инвест» (Тоҷикистон);

Гурӯҳи «С»: «Шрикер Осака» (Япония), «Санае Гити Пасанд» (Эрон), «Шенжен Нанлинг Тиеланг» (Хитой);

Гурӯҳи «D»: «Чонбури Блювейв» (Таиланд), «Алмалик» (Узбекистон), «Банк Бейрута» (Лубнон).

Добавить комментарий