Рӯзномаи Конференсия тасдиқ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Рӯзномаи Конференсия тасдиқ шуд

Рӯзномаи Конференсияи ҳисоботӣ-интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои давраи ҳисоботии аз 5 январи соли 2012 то 15 январи соли 2016, дар ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи Федератсия тасдиқ шуд.

Рӯзномаи Конференсия мавзуҳои зеринро дар бар мегирад:

– Интихоби комиссияҳои кории Конференсия.

– Ҳисобот дар бораи фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар давраи  ҳисоботии аз 5 январи соли 2012 то 15 январи соли 2016.

– Ҳисобот дар бораи фаъолияти молиявии Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  дар ин давраи  ҳисоботӣ.

– Тасдиқи тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Федератсияи футболи  Тоҷикистон.

– Интихоби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

– Интихоби аъзоёни Кумитаи Иҷроияи  Федератсияи футболи  Тоҷикистон.

Конференсияи ҳисоботӣ-интихобӣ рӯзи ҷумъаи 15 январи ҳафтаи оянда, соати 8:30 дар меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси Душанбе” баргузор мешавад.

Добавить комментарий