Постекоглу: “Бо мунтахаби Тоҷикистон бозии шавқоварро интизорем” – Федерация Футбола Таджикистана

Постекоглу: “Бо мунтахаби Тоҷикистон бозии шавқоварро интизорем”

Имрӯз, 7 сентябр, дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси Душанбе” пеш аз бозии даври чоруми марҳилаи интихобии ҶҶ -2018 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “В” байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Австралия нишасти хабарӣ барпо гардид.

Дар ин нишаст нахуст сармураббии мунтахаби миллии Австралия Ангелос Постекоглу ба хабарнигорон гуфт, ки дастааш баъди ғалаба бар тими Бангладеш қувваашро оҳиста-оҳиста аз нав барқарор месозад. Ӯ афзуд, “алъон ягон мушкил надорем ва бозии хубро муқобили мунтахаби Тоҷикистон интизорем. Танҳо аз як чиз нигаронем, ки ин ҷо бозӣ дар майдони маснуӣ баргузор мешавад, вале мо ба майдони табиӣ одат кардаем. Инчунин аз пазироии хуши мизбонон ва шароити хуби фароҳамкардаашон изҳори сипос мекунем”.

Баъдан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Мубин Эргашев меҳмононро ҷиҳати ташрифашон ба Душанбе хайра мақдам гуфт ва иброз дошт: “Ба Душанбе омадани яке аз дастаҳои пурқуввату номдор боиси ифтихори мост ва бозие, ки дар арафаи Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад, тӯҳфаест ба ҳаводорони футбол”.

Дар ин нишаст, инчунин Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, гуфт: “Мо кӯшиш мекунем муқобили тими миллии Австралия, ки дастаи пурқувваттарини Осиё аст, бозии хуб нишон диҳем”.

Ёдовар мешавем, бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Австралия рӯзи сешанбеи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 баргузор мешавад.

Добавить комментарий