Дастаи футболи «Помир»-и Душанбе дар бозии ҷавобии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2016 дар меҳмонӣ бо «Сомон»-и Данғара мусовӣ 2 бар 2 бозӣ кард ва соҳиби роҳхат ба марҳилаи 1/8 финали мусобиқа шуд.
Бозии аввал, ки дар майдони эҳтиётии варзишгоҳи марказии Душанбе рӯзи 8 июл доир шуд бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи дастаи пойтахт анҷом ёфт. Барои баромадан ба марҳилаи баъдии мусобиқа ба дружинаи Зайниддин Раҳимов зарур буд, ки дар бозии ҷавобӣ, дар Данғара мағлуб нашаванд. Ҳамин тавр, аллакай дар қисми якуми бозии ҷавобӣ, ки рӯзи сешанбеи 14 июн дар Варзишгоҳи марказии Данғара доир шуд, футболбозони «Помир» мувафақ шуданд, ки ба дарвозаи соҳибони майдон ду гол зананд. Дар дақиқаҳои аввали вохӯрӣ голи якумро аз ҷаримаи пеналтӣ Фаридун Неъматов ва ҳамагӣ як дақиқа пеш аз анҷоми вақти асоси ниммаи аввали дидор Шаҳром Самиев голи дуюми душанбегиҳоро вориди дарвозаи соҳибони майдон кард.
Аммо, бозигарони дастаи «Сомон» аз худ матонату соҳибиродагии қавӣ зоҳир карда, дар бозӣ мақоми кворо гузоштанд. Дар дақиқаи 71-уми вохӯрӣ Суҳайлӣ Одинаев голи якум ва баъди 13 дақиқа Бахтовар Наҷмиддинов голи дуюмро вориди дарвозаи меҳмонони душанбегӣ карданд. Бояд қайд кард, ки соҳибони майдон ин бозиро бо ҳайати нуҳ нафарӣ анҷом карданд. Барои қоидаи бозиро дағалона вайрон кардан Самандар Шарипов ва Хуршед Ҳалимов аз майдон хориҷ шуданд.
Ба ин тартиб, «Помир» дастаи шанздаҳуми иштирокчии марҳилаи 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон гардид. Аз ин қисм ба мусобиқа даҳ дастаи лигаи олии Тоҷикистон – «Истиқлол», «Ҳосилот», КМВА «Помир», «Вахш», «Барқчӣ», «Хуҷанд», «Хайр», «Регар-ТадАз», «Парвоз» ва «Равшан» ҳамроҳ мешаванд.
Қӯръакашии бозиҳои 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 15 июн, дар бинои Федератсияи футболи Тоҷикистон доир мешавад. Оғози қуръакашӣ – соати 10:00.
Ҷоми Тоҷикистон. Марҳилаи пешакӣ. Бозии ҷавобӣ
«Сомон» (Данғара) – «Помир» (Душанбе) – 2:2
Голҳо: Фаридун Неъматов, 2 – аз пеналти (0:1). Шаҳром Самиев, 44 (0:2). Суҳйлӣ Валиев, 71 (1:2). Бахтовар Наҷмиддинов, 84 (2:2).
Аз майдон хориҷ шуданд: Самандар Шарипов («Сомон»), 44 – барои бо пой задани бозигари дастаи ҳариф, Хуршед Ҳалимов («Сомон»), 81 – рафтори иғвогароёна (бо пой задани бозигари дастаи ҳариф).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фаридун Неъматов («Помир»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак) – 8,5 хол.
Нозири бозӣ: Султон Қосимов (Душанбе).
14 июн. Данғара. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобинон.
Бозии аввал – 2:3.