Пента-трики Манучеҳр Ҷалилов дар бозии «Истиқлол» бо «Парвоз» – Федерация Футбола Таджикистана

Пента-трики Манучеҳр Ҷалилов дар бозии «Истиқлол» бо «Парвоз»

Чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии вақташ тағйирдодашудаи даври ҳаждаҳуми Лигаи олии мамлакат бар «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби калони 8 бар 2 пирӯз шуд.

Ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон, беҳтарин нишонзани мавсими гузашта ва имсолаи футболи кишвар Манучеҳр Ҷалилов дар ин бозӣ ба задании панҷ гол мувафақ шуда, шумораи голҳои задашро дар мавсими имсола ба 20 расонд.

Акнун ба «Истиқлол» барои унвони чемпионии панҷумашро соҳиб шудан, дар се бозии боқимонда ба даст овардани ҳамагӣ чор имтиёз кофӣ аст. Бозии навбати худро «Истиқлол» рӯзи 15 октябр муқобили «Регар-ТадАз» мегузаронад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир хоҳад шуд.

 

Лигаи олии Тоҷикистон. Бозии даври 18-ум

«Истиқлол» – «Парвоз» – 8:2

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 11 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 16 (2:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 19 (3:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 23 (4:0). Манучеҳр Ҷалилов, 30 (5:0). Манучеҳр Ҷалилов, 43 (6:0). Ғафур Мадаминов, 51 (6:1). Бахтовар Зокиров, 56 (6:2). Манучеҳр Ҷалилов, 82 (7:2). Дэвид Мавутор, 86 (8:2).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук (Сӯҳроб Ҷалилов, 46), Амирбек Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Дэвид Мавутор, Фатҳулло Фатҳуллоев (Нозим Бобоҷонов, 46), Фаридун Шарипов, Ҷаҳонгир Алиев, Дилшод Восиев, Манучеҳр Ҷалилов (Исмоил Алимардонов, 84).

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Соҳибҷон Эргашев, Хуршед Воҳидов, Рустам Домуллоҷонов, Азиз Мирзоев, Рашид Мирхолиқов, Шоҳрух Тошматов, Азиз Шамсиев, Алишер Ҳайдаров, Азиз Абдусамиев, Бахтовар Зокиров (Боир Эргашев, 86), Ғафур Мадаминов.

Огоҳонида шуданд: Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»), Хуршед Воҳидов («Парвоз»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Нозири доварон: Алишер Урунов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

10 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 15 11 3 1 54-17 36
2 «Ҳосилот» (Фархор) 14 8 4 2 28-13 28
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 13 7 2 4 30-14 23
4 КМВА «Помир» (Душанбе) 14 7 2 5 19-11 23
5 «Барқчӣ» (Душанбе) 13 6 2 5 20-18 20
6 «Хайр» (Ваҳдат) 14 5 4 5 20-22 19
7 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 14 5 3 7 19-28 18
8 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 14 5 1 8 13-31 16
9 «Равшан» (Кӯлоб) 14 2 3 9 15-36 9
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 15 1 2 12 12-40 5

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 20 гол, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»), Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») – 9 голӣ, Агблей Джонес («Хайр») – 8 гол, Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ») – 7 гол.

 

Дар даври 16-ум вомехӯранд:

15 октябр (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 15:30

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»

«Парвоз» – «Хуҷанд»

16 октябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 15:30

КМВА «Помир» – «Хайр»

«Вахш» – «Ҳосилот»

«Равшан» – «Барқчӣ»

Добавить комментарий