Панҷ голи беҷавоби наврасони тоҷик ба дарвозаи Краснодар – Федерация Футбола Таджикистана

Панҷ голи беҷавоби наврасони тоҷик ба дарвозаи Краснодар

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии дӯстона, ки дар шаҳри Сочии Русия ҷараён дорад, дар бозии дувумаш тими кишвари Краснодарро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод.

Се голи мунтахаби Тоҷикистонро Ислом Зоиров ба ҳадаф расонд. Шарифбек Раҳматов ва Суннатулло Исмоилов якголӣ заданд.

Дар бозии дигари даври дувум мунтахаби наврасони Қазоқистон бар дастаи Арманистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Мусобиқа бо иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва кишвари Краснодари Русия дар варзишгоҳи «Юност»-и Сочи то 2 июн идома хоҳад кард.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки аслан аз ҳисоби бозигарони тими лигаи аввали футболи кишвар – «Локомотив-Помир»-и Душанбе – таркиб ёфтааст, таҳти раҳбарии Зайниддин Раҳимов бозии севумашро 1 июн бо дастаи Қазоқистон анҷом медиҳад.

Баъд аз ду рӯзи мусобиқа мунтахаби Қазоқистон бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал аст. Дастаҳои Арманистон ва Тоҷикистон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Вале мунтахаби Краснодар бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин қарор дорад.

Аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоӣ роҳ меёбад. Ду дастаи дигар барои ҷойи севум рақобат мекунад.

Ин мусобиқа барои футболбозони навраси тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 16 то 24 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, ба шумор меравад. Дар сабқати интихобӣ рақибони Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби наврасони Умон, Сурия, Туркманистон ва Молдив мебошанд.

 

Мусобиқаи байналмилалии дӯстона дар Сочи

Даври 1-ум

Арманистон (U-16) – Тоҷикистон (U-16) – 3:1

Краснодар (U-16) – Қазоқистон (U-16) – 1:3

 

Даври 2-юм

Краснодар (U-16) – Тоҷикистон (U-16) – 0:5

Арманистон (U-16) – Қазоқистон (U-16) – 1:2

 

Б Ғ М Б Т И
1 Қазоқистон (U-16) 2 2 0 0 5-2 6
2 Арманистон (U-16) 2 1 0 1 4-3 3
3 Тоҷикистон (U-16) 2 1 0 1 6-3 3
4 Краснодар (U-16) 2 0 0 2 1-8 0

Добавить комментарий