Падари Фарҳод Тоҳиров дар бозии Тоҷикистон – Сурия «Мерседес» бурд кард – Федерация Футбола Таджикистана

Падари Фарҳод Тоҳиров дар бозии Тоҷикистон – Сурия «Мерседес» бурд кард

Дар бозии лотореяи варзишӣ, ки баъд аз анҷоми бозии дӯстонаи мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Сурия, рӯзи 27-уми август, дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, бурди асосӣ – сабукрави тамғаи «Мерседес»-ро падари ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон Фарҳод Тоҳиров – Даврон Тоҳиров, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бурд кард.

Бозӣ дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хушанд бо ҳузури бештар аз 7 ҳазор тамошобин доир шуд. Ба ғайр аз автомобил байни мухлисон аз рӯи билетҳои даромади бозӣ боз се тӯҳфаи дигар – либоси варзишӣ, смартфони навтарин ва планшет ба бозӣ гузошта шуд.

«Ростӣ ҳеҷ боварӣ надоштам, ки имрӯз автомобил бурд мекунам. Ман имрӯз ба мухлисии тими миллӣ ва албатта барои дастгирии  писарам Фарҳод ба ин ҷо омадам. Ман бисёр хурсандам, ки бахтам хандид ва сабукрав бурд кардам. Оиди бозӣ бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки мусовӣ бо мунтахаби пурқуввате ҳамчун Сурия натиҷаи хуб аст» – гуфт, дар мусоҳиба бо сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон Даврон Тоҳиров.

Добавить комментарий