Cубҳи барвақти имрӯз ҳайати намояндагии бошгоҳи футболи “Паҳанг”-и Малайзия ҷиҳати иштирок дар бозии якуми марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми КФО-2015 бо “Истиқлол”-и Тоҷикистон ба Душанбе расид.
Меҳмононро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони чемпиони секаратаи Тоҷикистон самимона истиқбол карданд. Баъди гузаштани назорати шиносномавӣ, витсе-чемпиони Малайзия савори автобуси бароҳат ҷониби меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси Душанбе”, ки давоми дар Тоҷикистон буданаш он ҷо истиқомат мекунад, равон шуд. Ситоди мураббиёни “Паҳанг” бо 15 бозигар муқобили “Истиқлол” ба Душанбе омадаст.
Ёдовар месозем, ки бозии марҳилаи 1/4 финали Ҷоми КФО миёни “Истиқлол” ва “Паҳанг” рӯзи чоршанбеи 26 август, соати 20.00 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Ҳайати “Паҳанг” дар бозӣ бо “Истиқлол”:
Дарвозабонҳо: Хайрул Ахзан Халид, Махд Насрул Нуриддин.
Муҳофизон: Мохд Сайфул Низам, Мохд Шахризан Салех, Мохд Зайза Зайналабиддин, Мэтю Дэвис (Австралия), Мохд Разман Рослан, Зеш Рехман.
Ниммуҳофизон: Сурендран Равиндран, Дэмиан Стюарт (Ямайка), Мохд Риза Шафик, Мохд Хафиз Камал, Копинатхан Рамачандра,
Ҳамлагарон: Матиас Конти (Аргентина), Мохд Азамуддин Акил.