«Ҳосилот» – «Истиқлол»: мусовии бе гол дар Фархор – Федерация Футбола Таджикистана

«Ҳосилот» – «Истиқлол»: мусовии бе гол дар Фархор

Бозии марказии даври даҳуми Лигаи олии Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ҳосилот”-и Фархор, ки рӯзи 12 май дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор бо ҳузури 5 ҳазор тамошобин баргузор гардид, мусовии бидуни гол анҷом ёфт.

Бозӣ, новобаста ба оне ки дар ҳавои гарми тоқатфарсои наздики чилдараҷа доир шуд, то охирин дақиқаҳояш шавқовару ҷаззоб сурат гирифт. Бартарӣ ҷониби чемпион буд, вале футболбозони фархорӣ хуб муҳофизат намуда, ба дастаи пойтахт имконият надоданд, ки бо се имтиёз ба Душанбе баргардад. Ба ин тартиб, бозӣ мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.

 

Лигаи олии Тоҷикистон. Бозии даври 10-ум

«Ҳосилот» – «Истиқлол» – 0:0

«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Сафаралӣ Каримов, Содиқ Мусо, Ойбек Абдуғаффоров, Ҳасан Рустамов, Абдусамад Ҳоҷибоев, Саидалии Сафаралӣ, Шодибек Ғаффоров, Акуффо Гершон, Муҳаммадҷони Ҳасан, Наврӯз Рустамов (Баҳром Изомов, 19, Ҷонибек Муминов, 77).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Артем Барановский, Ромиш Ҷалилов (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Аҳтам Назаров (Фарҳод Восиев, 71), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Ҷаҳонгир Алиев, Дмитрий Барков (Дилшод Восиев, 60), Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Муҳаммадҷони Ҳасан, Сафаралӣ Каримов, Ҷонибек Муминов («Ҳосилот»), Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшенбе («Истиқлол»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Рустам Ризоев («Ҳосилот»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Абдулло Алимов (Ҳамадонӣ).

Комиссари бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

12 май. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 5000 тамошобин.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 8 6 2 0 23-4 20
2 КМВА «Помир» (Душанбе) 9 4 4 1 8-3 16
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 4 2 3 12-8 14
4 «Ҳосилот» (Фархор) 10 3 2 5 9-18 11
5 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 8 2 3 3 4-6 9
6 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 2 3 4 5-10 9
7 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 8 2 2 4 7-11 8
8 «Барқчӣ» (Ҳисор) 9 2 2 5 6-14 8

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 гол, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 4 гол, Фарҳод Тоҳиров, Манучеҳр Ахмедов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Дмитрий Барков («Истиқлол»), Меҳди Ҷализӣ (КМВА «Помир») – 3 голӣ.

Добавить комментарий