“Ҳосилот” бо ҳайати нуҳнафара бо “Регар-ТадАЗ” мусовӣ бозӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

“Ҳосилот” бо ҳайати нуҳнафара бо “Регар-ТадАЗ” мусовӣ бозӣ кард

Дар Лигаи олии Тоҷикистон рӯзҳои 20-21 май се бозии даври ёздаҳум барпо гардид, ки дар як бозӣ соҳибони майдон ғолиб шуда, ду бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.

КМВА “Помир”-и Душанбе дар майдони худ “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаи мудофиачиёнро пеш аз панҷ дақиқаи хотимаи бозӣ ҳимоятгар Фирдавс Чақалов бо зарбаи сар ба ҳадаф расонд.

Бозӣ миёни дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Барқчӣ”-и Ҳисор дар Варзишгоҳи “Пахтакор” мусовии бе гол анҷом ёфт.

“Ҳосилот”-и Фархор дар майдони худ бозиро бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Ҳисобро Комрон Турсунов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 46-ум боз кард. Пас аз шаш дақиқа Шодибек Ғаффоров ҳисобро баробар намуд. Бояд гуфт, ки дар нимаи дувуми ин дидор, дар дақиқаи 54-ум, сардовари бозӣ Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) ду бозингари “Ҳосилот” – ҳимоятгарон Сафаралӣ Каримов ва Содиқ Мӯсоро барои занозанӣ миёни ҳарду аз майдон берун кард.

Даври ёздаҳуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон 25 май бо бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ба анҷом мерасад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20 шуруъ мешавад.

Баъд аз ин бозӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар бинобар бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ва бозии мунтахаби кишвар муқобили Филиппин дар доираи сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки 13 июн дар Душанбе барпо мегардад, танаффуси якмоҳа эълон шудааст.

 

Лигаи оли Тоҷикистон.  Бозиҳои даври 11-ум

“Вахш” – “Барқчӣ” – 0:0

Огоҳонида шуданд: Акмал Сабуров, Холмурод Назаров (“Вахш”), Амирҷон Сафаров, Далер Ёдгоров, Беҳрӯз Хайриев (“Барқчӣ”).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

18 май. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи Пахтакор. 2500 тамошобин.

 

КМВА “ПомирПанҷшер – 1:0

Гол: Фирдавс Чақалов, 85.

Огоҳонида шуданд: Маҳмадалӣ Содиқов, Зоир Ҷӯрабоев, Комрони Мирзонаҷот (КМВА “Помир”), Ҳасан Холов, Ҳусейн Умаров (“Панҷшер”).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

20 май. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. 600 тамошобин.

 

ҲосилотРегар-ТадАЗ – 1:1

Голҳо: Комрон Турсунов, 46 (0:1). Шодибек Ғаффоров, 52 (1:1).

Огоҳонида шуданд: Агблей Ҷонс (“Ҳосилот”), Алишер Шарифов, Шерзод Маҳмадиев («Регар-ТадАЗ»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Сафаралӣ Каримов, Содиқ Мӯсо (“Ҳосилот”), 54 – барои занозанӣ миёни ҳарду.

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

21 май. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 2300 тамошобин.

 

Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 8 6 2 0 23-4 20
2 КМВА «Помир» (Душанбе) 11 5 5 1 9-3 20
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 5 2 3 17-8 17
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 11 3 4 4 7-11 13
5 «Ҳосилот» (Фархор) 11 3 3 5 10-19 12
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 10 2 4 4 4-7 10
7 «Барқчӣ» (Ҳисор) 11 2 4 5 6-14 10
8 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) 10 2 2 6 7-17 8

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов (“Истиқлол”) – 10 гол, Дилшод Бозоров (“Хуҷанд”) – 5 гол, Фарҳод Тоҳиров (“Хуҷанд”) – 4 гол.

 

Даври 12-ум:

17 июн (шанбе)

“Ҳосилот” – “Барқчӣ”

“Панҷшер” – “Вахш”

18 июн (якшанбе)

“Регар-ТадАЗ” – “Истиқлол”

“Хуҷанд” – КМВА “Помир”

Оғози бозиҳо – соати 18:00

Добавить комментарий