«Ҳосилот» бар «Хуҷанд» ғолиб шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Ҳосилот» бар «Хуҷанд» ғолиб шуд

Дар бозии мавқуфгузоштаи даври дувоздаҳуми Лигаи олии Тоҷикистон «Ҳосилот»-и Фархор дар сафар бар «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби минималии 1 бар 0 дастболо шуд.

Се голро ба дастаи меҳмон зарбаи амиқи задаи Хайрулло Азизов дар дақиқаи 31-уми вохӯрӣ насиб гардонд. Акнун «Ҳосилот» бо 25 имтиёз мавқеашро дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа мустаҳкамтар мекунад. Дружинаи Маҳмадҷон Ҳабибуллоев нисбат ба «Истиқлол», ки дар садри ҷадвали мусобиқа меистад, ҳашт имтиёз камтар дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дастаи ноҳияи Фархор нисбат ба ду дастаи думболгираш – КМВА «Помир» ва «Регар-ТадАз» 5 имтиёз бештар дорад. КМВА «Помир» ва «Регар-ТадАз» бошанд, нисбати «Ҳосилот» як бозӣ камтар гузаронданд.

Пагоҳ, 22 сентябр, боз як бозии мавқуфгузоштаи даври дувоздаҳум доир хоҳад шуд. «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ аутсайдери имсолаи Лига «Равшан»-и Кӯлобро қабул мекунад. Ҳарду даста дар чемпионати имсола хуб баромад накарда, дар зинаҳои поёнии ҷадвали мусобиқа қарор доранд.

 

Лигаи олии Тоҷикистон. Бозии даври 12-ум

«Хуҷанд» – «Ҳосилот» – 0:1

Гол: Хайрулло Азизов, 31.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Фарҳод Юлдашев, Соҳибҷон Ҳакимов, Шоҳрух Раҷаматов (Абдусубҳон Раҳимов, 76), Шероз Абдуллоев, Манучеҳр Ахмедов, Ҳоҷибой Зиёев, Руслан Раҳматов, Илҳомҷон Баротов, Марифҷон Марифбоев (Дилшод Бозоров, 54), Дилшод Каримов, Фарҳод Тоҳиров.

«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Эраҷ Раҷабов, Ойбек Абдуғаффоров, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Ҳикматулло Расулов, Хайрулло Азизов, Содиқ Мусо, Сайриддин Ғаффоров, Наврӯз Рустамов (Нурулло Маҳмудов, 89), Комил Саидов.

Огоҳонида шуданд: Илҳомҷон Баротов, Шероз Абдуллоев, Манучеҳр Ахмедов, Дилшод Каримов («Хуҷанд»), Ойбек Абдуғаффоров («Ҳосилот»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сайриддин Ғаффоров («Ҳосилот»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).

Комиссари бозӣ: Асрор Шораҷабов (Истаравшан).

21 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1200 тамошобин.

 

22 сентябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

«Парвоз» – «Равшан»

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Ёварон: Ҳасан Каримов, Исмоил Нуралиев (ҳарду аз Норак).

Довари эҳтиётӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Турдибек Қӯшназаров (Гулистон).

Комиссари бозӣ: Шуҳрат Шамсиев (Истаравшан).

Бободҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 13 10 3 0 45-13 33
2 «Ҳосилот» (Фархор) 13 7 4 2 26-12 25
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 12 6 2 4 28-14 20
4 КМВА «Помир» (Душанбе) 12 6 2 4 16-9 20
5 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 13 5 3 6 19-24 18
6 «Барқчӣ» (Душанбе) 11 5 2 4 16-16 17
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 13 5 1 7 13-29 16
8 «Хайр» (Ваҳдат) 13 4 4 5 17-22 16
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 12 1 2 9 9-26 5
10 «Равшан» (Кӯлоб) 12 0 3 9 10-34 3

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 15 гол, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»), Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») –  9 голӣ, Агблей Джонес («Хайр») – 8 гол, Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ») – 7 гол.

 

Даври 15-ум

24 сентябр (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:00

«Ҳосилот» – КМВА «Помир»

«Барқчӣ» – «Вахш»

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

25 сентябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати16:00

«Равшан» – «Истиқлол»

«Хайр» – «Парвоз»

Добавить комментарий