Ҷоми Тоҷикистон: нимфиналистони мусобиқа маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Тоҷикистон: нимфиналистони мусобиқа маълум шуданд

Дастаҳои иштирокчии бозиҳои нимфиналии Ҷоми миллӣ маълум шуданд. Дар ин марҳила чемпиони феълии мусобиқа “Истиқлол”-и Душанбе бо “Равшан”-и Кӯлоб ва КМВА “Помир”-и пойтахт бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат мекунанд.

Бозиҳои ҷавобии марҳилаи 1/4 финали Ҷоми миллӣ рӯзи сешанбеи 25 август доир гардиданд. “Барқи тоҷик” дар варзишгоҳи “Спитамен” (собиқ “Спартак”) КМВА “Помир”-ро қабул кард. Муборизаи баробар ҳосил нашуд ва барқчиёни ба ном соҳибони майдон бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 шикаст хӯрданд. Ҳамлагари мудофиачиён Давронҷон Тухтасунов дар ин бозӣ ба задани чор гол муваффақ шуд ва он гуна, ки дар футбол мегӯянд поккер кард.

Бозии ҷавобии байни “Вахш” ва “Равшан” дар Қӯрғонтеппа мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт. Дастаи шаҳри Кӯлоб аз рӯи натиҷаи ғалабааш дар бозии якум (2:1) ба нимфинали мусобиқа роҳ ёфт.

Бозии миёни “Саройкамар”-и Панҷ ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бошад, дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор доир шуда,  бо ҳисоби баробари 1 бар 1 поин шуд ва аз рӯи натиҷаи ду бозӣ (4:1) металлургҳо ба нимфинали Ҷоми миллӣ баромаданд.

Мувофиқи тақвими мусобиқа бозиҳои аввали нимфинали Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 19 – 20 сентябр ва вохӯриҳои ҷавобӣ рӯзҳои 30 сентябр – 1 октябр баргузор мешаванд.

 

Ҷоми Тоҷикистон. 1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

«БАРҚИ ТОҶИК» КМВА “ПОМИР” 1:5

Бозии якум – 2:3.

 

«ВАХШ» «РАВШАН» 0:0

Бозии якум – 1:2.

 

«САРОЙКАМАР» «РЕГАР-ТАДАЗ» 1:1

Бозии якум – 0:3.

 

1/2 финал. Бозиҳои аввал

19-20 сентябр (шанбе, якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:00

«ИСТИҚЛОЛ» «РАВШАН»

КМВА «ПОМИР» «РЕГАР-ТАДАЗ»

 

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

30 сентябр – 1 октября (чоршанбе, панҷшанбе)

Оғоз соати 16:00

«РАВШАН» «ИСТИҚЛОЛ»

«РЕГАР-ТАДАЗ» КМВА «ПОМИР»

Добавить комментарий