Ҷоми Тоҷикистон: мусовӣ дар бозии миёни КМВА “Помир” – “Регар-ТадАЗ” – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Тоҷикистон: мусовӣ дар бозии миёни КМВА “Помир” – “Регар-ТадАЗ”

Рӯзи якшанбеи 20 сентябр, дар доираи бозии якуми марҳилаи нимфинали Ҷоми миллӣ КМВА “Помир” дар майдони худ “Регар-ТадАЗ”-ро қабул кард.

Бозӣ мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт. Мудофиачиён имконияти бештари ғолиб шуданро доштанд. Аммо дар дақиқаи 21-уми бозӣ ҳамлагари даста Давронҷон Тухтасунов пеналтиро ба самар расонида натавонист. Гуфтан ҷоиз аст, ки меҳмонон бозиро дар шумораи даҳ нафар анҷом карданд. Дар дақиқаи 72-юми вохӯрӣ баъди дуюмбора бо корти зард огоҳонида шудан Фирӯз Қараев аз майдон хориҷ шуд. Акнун тақдири роҳхат ба финали Ҷоми Тоҷикистон дар бозии ҷавобӣ, ки рӯзи 1 октябр дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода доир мешавад, ҳал хоҳад шуд.

Дар бозии дигари нимфиналӣ “Истиқлол”-и Душанбе рӯзи сешанбеи 22 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо “Равшан”-и Кӯлоб рӯбарӯ мешавад. Бозии ҷавобӣ рӯзи 25 сентябр дар Кӯлоб доир хоҳад шуд.

 

Ҷоми Тоҷикистон-2015

1/2 финал. Бозии аввал

КМВА «ПОМИР» «РЕГАР-ТАДАЗ» 0:0

Пеналтии амалинашуда: Давронҷон Тухтасунов (КМВА «Помир»), 21.

КМВА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Фирдавс Чақалов, Фурӯғ Қодиров, Сефах Жаке Нана, Павел Калугин, Парвиз Кашкаров, Андох Наполеон, Шамсиддин Қосимов, Сайёди Ковусшо (Беҳзод Шарифов, 83), Давронҷон Тухтасунов, Орзу Додхудоев.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Далерҷон Тухтасунов, Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Азимов, Фаррух Чориев, Расул Пайзов, Нозим Бобоҷонов, Фирӯз Қараев, Музаффар Сироҷиддинов (Шерзод Маҳамадиев, 59), Комрон Турсунов, Комил Саидов.

Огоҳонида шуданд: Шамсиддин Қосимов, Сефах Жаке Нана (КМВА «Помир»), Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»).

Аз майдон хориҷ шуд: Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»), 72 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

20 сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 700 тамошобинон.

 

22 сентябр (сешанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

«ИСТИҚЛОЛ»  «РАВШАН»

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Ёварон: Акмал Буриев (Турсунзода), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).

Довари эҳтиётӣ: Ҷамолиддин Оев (Варзоб).

Нозири бозӣ: Шариф Назаров (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

25 сентябр (ҷумъа)

Оғози бозӣ соати 15:30

«РАВШАН»  «ИСТИҚЛОЛ»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёварон: Хусрави Сиддиқзод, Беҳрӯз Муртазоев (ҳар ду аз Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа).

Нозири бозӣ: Анваршо Мирзоев (Душанбе).

Кӯлоб, варзишгоҳи Марказӣ 

 

1 октябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 15:30

«РЕГАР-ТАДАЗ»  КМВА «ПОМИР»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Ёварон: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон), Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).

Довари эҳтиётӣ: Вафо Қараев (Шаҳринав).

Нозири бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).

Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»

Добавить комментарий