Ҷоми Тоҷикистон: бозиҳои байни “Истиқлол” ва “Хуҷанд” рӯзҳои 12 ва 19 август мегузаранд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Тоҷикистон: бозиҳои байни “Истиқлол” ва “Хуҷанд” рӯзҳои 12 ва 19 август мегузаранд

Бозиҳои байни “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар доираи марҳилаи чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон, дар мувофиқат бо ин бошгоҳҳои футболӣ аз вақти қаблан ба нақшагирифташуда  барвақттар гузаронида мешаванд.

Мутобиқи тақвими баргузории бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон вохӯриҳои чорякфиналӣ байни “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бояд рӯзҳои 20 ва 25 август баргузор мешуданд. Аммо, алоқамандона ба санаи 26 август дар Душанбе дар марҳилаи чорякфинали Ҷоми АФК бо “Паҳанг”-и Малайзия бозӣ кардани чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе, Шӯрои Кумитаи Иҷроияи ФФТ қарор кард, ки бозиҳои чорякфиналӣ дар Ҷоми миллӣ бо иштироки дастаи пойтахт ба вақти дигар гузаронида шаванд. Бозии якуми чорякфинали Ҷоми Тоҷикистн байни “Истиқлол” – “Хуҷанд” рӯзи 12 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва бозии ҷавобӣ рӯзи 19 август дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд. Оғози бозиҳо соати 16.00.

Бозиҳои дигари чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои “Равшан” – “Вахш”, КМВА “Помир” – “ Барқи тоҷик” ва “Регар-ТадАЗ” – “Саройкамар” мувофиқи тақвим рӯзҳои 20 ва 25 август доир мешаванд.

Добавить комментарий