Ҷоми Тоҷикистон: “Барқчӣ” бо “Равшан” мусовӣ бозӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Тоҷикистон: “Барқчӣ” бо “Равшан” мусовӣ бозӣ кард

Имрӯз, 27 май, чор бозии якуми марҳилаи 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуданд.

“Барқчӣ”-и Ҳисор дар майдони эҳтиётии Варзиҳшгоҳи маказии ҷумҳуриявӣ бо “Равшан”-и Кӯлоб мусовӣ бозӣ кард. Ба голҳои задаи Шериддин Бобоев ва Кароматулло Саидов кӯлобиҳо бо ду голи задаи Умедулло Умедуллоев ҷавоб гуфтанд.

“Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар “Сомон”-и Данғара бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз шуд. “Ваҳдат” дар сафар бар “Зарафшон” бо ҳисоби минималии  1 бар 0 дастболо гардид. Дар бозӣ байни дастаҳои “Ҳулбук”-и Восе ва “Эсхата”-и Хуҷанд бошад ғолиб маълум нашуд. Вохӯрӣ хеле пуршиддат ҷараён гирифта, мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.

Пагоҳ, 28 май, боз ду бозии дигари марҳилаи 1/8 финалӣ баргузор мешавад ва  КМВА “Помир” дар майдони худ “Панҷшер” ва “Регар-ТадАЗ” бошад дар “ТАЛКО-Арена” дастаи “Хуҷанд”-ро қабул мекунад. Ин бозиҳо  соати 17.30 оғоз мешаванд.

Бозиҳои ҷавобии марҳилаи 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 1-2 июн доир хоҳанд шуд.

 

Ҷоми Тоҷикистон. Бозиҳои якуми 1/8 финалӣ

«Барқчӣ» – «Равшан» – 2:2

Голҳо: Шериддин Бобоев, 31 (1:0). Кароматулло Саидов, 37 (2:0). Умедулло Умедуллоев, 47 (2:1). Умедулло Умедуллоев, 71 (2:2).

«Барқчӣ» (Ҳисор): Ҳомидҷон Исоқов (Беҳрӯз Хайриев, 80), Манучеҳр Сафаров, Оятулло Сафаров, Ваҳдат Ханонов, Зиёвуддин Фузайлов, Султоншо Мирзоев (Амирҷон Сафаров, 30), Далер Ёдгоров, Кароматулло Саидов (Тоҳир Малодӯстов, 65), Шериддин Бобоев, Муҳсинҷон Парпиев (Саидмухтор Азимов, 63), Шаҳром Самиев.

«Равшан» (Кӯлоб): Сафаралӣ Раҳмонов, Абдураҳмон Нозимов, Хисрав Носиров, Эмомалӣ Раҳмонов, Аминҷон Ҷафаров (Сиёвуш Назирмадов, 68), Аминҷон Қурбонов, Насимҷон Исоев, Лутфулло Бобоев (Бобоҷон Раҷабов, 79), Ҷамшеди Қодир (Умедулло Умедуллоев, 46), Аваз Қамчинов, Сайдамири Сайдаҳмад (Рамазон Абдураҳмонов, 90+1).

Огоҳонида шуданд: Зиёвуддин Фузайлов, Саидмухтор Азимов, Шаҳром Самиев («Барқчӣ»), Лутфулло Бобоев («Равшан»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Зиёвуддин Фузайлов («Барқчӣ»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

27 май. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

 

«Вахш» – «Сомон» – 3:2

Голҳо: Холмурод Назаров, 20 (1:0). Далер Умаров, 39 (2:0). Парвиз Саидмуродов, 58 (3:0). Хайрулло Қодиров, 68 (3:1). Алиҷон Баротов, 77 (3:2).

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳовиддин Холиқов (Баҳодур Толибов, 61), Аъзам Муродов, Акмал Сабуров (Хайриддин Турахонов, 76), Азим Раҳмонов, Парвиз Саидмуродов, Худойдод Узоқов (Муҳаммад Насков, 66), Собир Холматов, Ҷамолиддин Зардиев, Умарҷон Шарипов, Далер Умаров (Парвиз Ахунов, 46), Холмурод Назаров.

«Сомон» (Данғара): Муродулло Саидов, Хуршед Ҳалимов, Меҳроби Икромӣ, Самандар Шарипов, Амирҷон Маҷидов (Айниддин Раҳимов, 29), Шарафҷон Саидов (Суҳайлӣ Валиев, 62), Вайсиддин Сафаров, Диловар Саидов, Анушервони Қобилҷон (Алиҷон Баротов, 46), Диловар Табаралиев, Бахтовар Наҷмиддинов (Хайрулло Қодиров, 46).

Огоҳонида шуданд: Акмал Сабуров, Муҳаммад Насков («Вахш»), Анӯшервони Қобилҷон («Сомон»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Холмурод Назаров («Вахш»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири бозӣНасриддин Азизов (Қабодиён).

27 май. Қӯрғонтеппа.Варзишгоҳи “Пахтакор”. 500 тамошобин.

 

«Ҳулбук» – «Эсхата» – 0:0

«Ҳулбук» (Восе): Шоин Ҷалилов, Абдухолиқ Алимов, Рустам Ниёзмадов, Исохӯҷа Раҳматов, Суҳроби Зарифхон, Юсуфҷон Зоиров, Саидҷон Эргашев, Самардин Расулов, Раҷаб Холмирзоев (Зайнуллоҳи Ҳабибулло, 74), Исфандиёр Азизов (Довуд Исомадов, 46), Самир Султонов (Зоир Холматов, 55, Сафаралӣ Султонов, 84).

«Эсхата» (Хуҷанд): Ғуфрон Исоев, Нарзулло Раҷабов, Мунир Юлдошев, Довуд Зиёвуддинов, Иброҳим Эшонхонов, Хусрав Бобоев, Амирҷон Раҳимов, Рустам Сабуров (Суҳроб Сабуров, 72), Шавкат Насруллоев, Музаффар Бобоҷон (Далер Бобоев, 75), Ҷурабой Исоев.

Огоҳонида шуданд: Саидҷон Эргашев, Суҳроби Зарифхон («Ҳулбук»).

Огоҳонида шуданд: Сафаралӣ Султонов («Ҳулбук»), 90+2 – барои бо даст ба рӯи ҳариф задан, Исохӯҷа Раҳматов («Ҳулбук»), 90+2 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҷӯрабой Исоев («Эсхата»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

Нозири бозӣ: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

27 май. Восе. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

 

«Зарафшон» – «Ваҳдат» – 0:1

Гол: Меҳроҷиддин Музаффаров, 18.

«Зарафшон» (Панҷакент): Раҳимҷони Шодимурод, Саидумар Музаффаров, Комрон Муротов, Джанобил Тиллоев (Валиҷон Сафаров, 56), Фирӯз Давлатов, Чеҳрон Бурҳонов, Неъматҷон Отабоев, Алишер Сангинов, Зиёдулло Одинаев (Умедҷон Маҳмудов, 46, Қурбонбой Каримов, 72), Самариддин Бадеҳов, Муҳаммадҷон Муротов.

«Ваҳдат» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Фирӯз Шамсиев, Маҳмадлоиқ Нуриддинов, Парвиз Ҳомидов, Ҷаҳонгир Хайров, Бобури Абдулахатзода, Музаффар Фузайлов, Мунир Давлатбеков, Бенҷамин Асамоа, Фирдавси Файззода, Мехроҷиддин Музаффаров.

Огоҳонида шуданд: Фирӯз Давлатов, Раҳимҷон Шодимурод, Валиҷон Сафаров («Зарафшон»), Ҷаҳонгир Хайров («Ваҳдат»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Меҳроҷиддин Музаффаров («Ваҳдат»).

СардоварГулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Нозири бозӣ: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

27 май. Панҷакент. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

 

28 май (якшанбе)

КМВА «Помир» – «Панҷшер»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёварон: Вафо Қараев (Шаҳринав), Насим Ҳамидов (Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Комил Раҳмонов (Ҷайҳун).

Нозири бозӣ: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).

Душанбе, варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи ҶТ

 

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

Сардовар: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа).

Ёварон: Ҳасан Каримов, Исмоил Нуралиев (ҳарду аз Норак).

Довари эҳтиётӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа.

Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

Добавить комментарий