Ҷоми Тоҷикистон: ҳангома аз “Саройкамар” – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Тоҷикистон: ҳангома аз “Саройкамар”

Намояндаи лигаи якуми кишвар “Саройкамар”-и Панҷ дар бозии ҷавобии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ба таври ҳангомааомез (сенсационно) бар витсе-чемпиони феълии мамлакат “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуда, аз рӯи натиҷаи ду бозӣ дастаи шаҳри Ваҳдатро аз мусобиқа берун кард. Акнун дар чорякфинали Ҷоми миллӣ шогирдони Идибек Ғаффоров бо чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат мекунанд.

Дар ҷуфтҳои дигари 1/4 финалӣ барандаи феълии Ҷоми миллӣ “Истиқлол”-и пойтахт бо “Хуҷанд”, “Равшан” бо “Вахш” ва КМВА “Помир” бо “Барқи тоҷик” вомехӯранд.

Бозиҳои аввали чорякфиналӣ рӯзи 20 август ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 25 август  барпо мешаванд. Ёдовар мешавем, ки ҷоизапулии мусобиқа 65 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Дастаи ғолиб бо Ҷом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ, финалисти мусобиқа бошад бо маблағ дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми миллии мамлакат, рӯзи 25 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.

 

Ҷоми Тоҷикистон. 1/8 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

КМВА «ПОМИР» – «ПАНҶШЕР» – 6:0

Голҳо: Фурӯғ Қодиров, 3 (1:0). Андох Наполеон, 32 (2:0). Андох Наполеон, 45 (3:0). Рустам Толибов, 45+3 (4:0). Давронҷон Тухтасунов, 77 – аз пеналти (5:0). Давронҷон Тухтасунов, 82 (6:0).

Бозии якум – 2:2.

 

«РЕГАР-ТАДАЗ» «ЧАШМА» 7:0

Голҳо: Умед Шарипов, 6 – ба дарвозаи дастаи худашон (1:0). Нозим Бобоҷонов, 34 (2:0). Расул Пайзов, 40 (3:0). Комил Саидов, 58 (4:0). Комил Саидов, 83 (5:0). Расул Пайзов, 87 (6:0). Нозим Бобоҷонов, 89 (7:0).

Бозии якум – 5:3.

 

«ПАРВОЗ» «ИСТИҚЛОЛ» 1:3

Голҳо: Дилшод Восиев, 4 (0:1). Амирҷон Сафаров, 5 (0:2). Бахтовар Зокиров, 44 (1:2). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (1:3).

Бозии якум – 0:5.

 

«ХАЙР» «САРОЙКАМАР» 0:2

Голҳо: Насим Мамадқулов, 33 (0:1). Ҷонибек Ғаффоров, 59 (0:2).

Бозии якум – 2:1.

 

«ИСФАРА» «ВАХШ» 1:2

Бозии якум – 0:7.

 

«РАВШАН» «ПОМИР» 4:2

Бозии якум – 9:0.

 

Ҷуфтҳои 1/4 финал

«ИСТИҚЛОЛ» «ХУҶАНД»

«РАВШАН» «ВАХШ»

КМВА «ПОМИР» «БАРҚИ ТОҶИК»

«РЕГАР-ТАДАЗ» «САРОЙКАМАР»

Добавить комментарий