Рӯзи шанбеи 25 июл, чор бозии аввали Ҷоми Тоҷикистон бо дақиқаи хомӯшӣ ба ёди котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев, ки бар асари бемории вазнини тӯлонӣ, ҳамагӣ дар синни 36-солагӣ вафот кард, шурӯ шуданд.
Барандаи феълии Ҷоми миллӣ “Истиқлол”-и пойтахт, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро қабул карда, бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 шикаст дод. Ин ғалаба собит сохт, ки соҳиби Ҷоми мамлакат барои ҳифзи унвони чемпионии худ қадамҳои устувор мегузорад ва титулашро ба осонӣ аз даст доданӣ нест.
Шогирдони Мубин Эргашев аз дақиқаҳои аввал бозиро таҳти контроли худ гирифта, ба дарвозаи меҳмонони ҳавонавард 5 голи беҷавоб заданд. Ду голи дастаи пойтахтро ниммуҳофизи мунтахаби миллии Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев ва як голиро Парвизҷон Умарбоев, Аҳтам Назаров ва Манучеҳр Ҷалилов ба самар расониданд.
Баъди ғалаба бо чунин ҳисоб дар бозии якум, оиди ба даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромадани “Истиқлол” ҳеҷ шакку шубҳае намемонад. Аммо дар футбол ҳама чӣ шуданаш мумкин аст ва футболбозони дастаи пойтахтро зарур аст, бартарии худро дар бозии ҷавобӣ, ки рӯзи 5 август дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мешавад, ҳифз кунанд.
“Хуҷанд”-и Хуҷанд низ дар ин марҳилаи мусобиқа ба муваффақият ноил шуд. Дастаи соҳили Сирдарё дар майдони худ бар “Канд”-и Конибодом, ки дар Ҷоми Тоҷикистон лигаи якуми мамлакатро намояндагӣ мекунад, бо ҳисоби калони нӯҳ бар як пирӯз шуд. Се нафар бозигарони хуҷандӣ – Дилшод Каримов, Аҳтам Ҳамроқулов ва Ҷаҳонгир Эргашев ду голӣ ва се нафари дигар – Комрони Мирзохон, Икром Каримҷонов ва Дилшод Бозоров як голиро ба дарвозаи дастаи шаҳри Конибодом заданд. Голи престижи меҳмононро Азиз Баҳронов ба самар расонд.
Бозии байни “Панҷшер”-и Румӣ ва КМВА “Помир”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Румӣ мувсовӣ 2 бар 2 анҷом ёфт.
“Хайр”-и Ваҳдат дар сафар бар “Саройкамар” бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуд.
Рӯзи якшанбеи 26 июл чор бозии дигари Ҷоми Тоҷикистон доир мешаванд. Дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ “Помир” “Равшан”-ро қабул мекунад. “Вахш” дар майдони худ бо “Исфара”, “Далерон-Уротеппа” дар Душанбе бо “Барқи тоҷик” ва “Регар-ТадАз” дар Шаҳритӯз бо “Чашма” рақобат мекунанд. Оғози ин бозиҳо соати 17.00
Ҷоми Тоҷикистон. Марҳилаи 1/8 финал. Бозиҳои якум
«ИСТИҚЛОЛ» – «ПАРВОЗ» – 5:0
Голҳо: Парвизҷон Умарбоев, 8 (1:0). Аҳтам Назаров, 16 – аз пеналти (2:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 58 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 69 (4:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 90+1 (5:0).
«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев, Петро Ковалчук, Сиёвуш Асроров, Эраҷ Раҷабов (Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, 46), Аҳтам Назаров, Хосе Баллестер, Парвизҷон Умарбоев (Ромиш Ҷалилов, 46), Дилшод Восиев (Фатҳулло Фатҳуллоев, 46), Зиёвуддин Фузайлов (Амирҷон Сафаров, 46) Хуршед Маҳмудов, Манучеҳр Ҷалилов.
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Дилшод Додобоев (Рамзиддин Бобоев, 73), Фирдавс Ҳоҷиев, Шероз Абдуллоев, Умед Одинаев, Абдулмалик Юсупов, Шоҳрух Тошматов, Рустам Домлоҷонов (Хуршед Воҳидов, 68), Азиз Ҳамидов (Азиз Мирзоев, 63), Рашид Мирхолиқов, Фарҳод Ҳикматуллоев (Қурбонбек Ҳайдаров, 46), Бахтовар Зокиров.
Огоҳонида шуданд: Петро Ковалчук, Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Шероз Абдуллоев, Абдумалик Юсупов, Шоҳрух Тошматов («Парвоз»).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Аҳтам Назаров («Истиқлол»).
Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) – 8,2 хол.
Нозири бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).
25 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.
«ХУҶАНД» – «КАНД» – 9:1
Голҳо: Аҳтам Ҳамроқулов, 7 (1:0). Дилшод Каримов, 19 (2:0). Комрони Мирзохон, 24 (3:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 28 (4:0). Дилшод Каримов, 36 (5:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 41 (6:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 45 (7:0). Азиз Баҳронов, 60 (7:1). Икром Каримҷонов, 66 (8:1). Дилшод Бозоров, 74 (9:1).
«Хуҷанд» (Хуҷанд): Валерий Кашуба (Абдуазиз Маҳкамов, 46), Манучеҳр Ахмедов, Комрони Мирзохон, Сафаралӣ Каримов, Фирӯз Бобиев, Ҷаҳонигр Алиев, Иброҳим Рабимов (Фарҳод Тоҳиров, 46), Бахтиёр Чориев, Дилшод Каримов (Икром Каримҷонов, 37), Ҷаҳонгир Эргашев, Аҳтам Ҳамроқулов (Дилшод Бозоров, 57).
«Канд» (Канибодом): Шариф Мирзоҷалолв, Азиз Исмоилов, Бахтиёр Каримов, Акрам Орипов, Манучеҳр Шаропов, Азиз Баҳронов, Шавкат Мамадҷонов, Азим Дусматов, Шӯҳрат Иброҳимов, Матин Шарипов, Фирдавс Ҳомидов.
Огоҳонида шуданд: Комрони Мирзохон, Аҳтам Ҳамроқулов («Хуҷанд»).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Нозири бозӣ: Асрор Шораҷабо (Истаравшан).
25 июл. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20–солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2000 тамошобин.
«ПАНҶШЕР» – КМВА «ПОМИР» – 2:2
«САРОЙКАМАР» – «ХАЙР» – 1:2
26 июл (якшанбе)
Оғози бозиҳо соати 17:00
«Помир» – «Равшан»
«Вахш» – «Исфара»
«Далерон-Уротеппа» – «Барқи тоҷик»
«Чашма» – «Регар-ТадАЗ»